Вокуниши Антонов ба таълиқи узвияти Русия дар FATF
(last modified Sat, 25 Feb 2023 10:59:37 GMT )
Феврал 25, 2023 15:59 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Антонов ба таълиқи узвияти Русия дар FATF

Сафири Русия дар Амрико эълом кард таълиқи узвияти Маскав дар " гуруҳи вижаи иқдоми молӣ "- FATF метавонад ба тарзи чашмгире талошҳои ҷаҳониро барои муқобила бо пулшуӣ тазъиф кунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ، Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико дар вокуниш ба ин иқдом гуфт : Вазири хазонадории Амрико аз дарки ин масъала оҷиз аст, ки таълиқи узвияти Русия дар ин ниҳод гоми хатарнок аст, ки дар ниҳоят ба фарсойиши созу кори ҷаҳонӣ барои муқобила бо пулшуӣ, таъмини молии тероризм ва густариши таслеҳоти куштори ҷамъӣ мунҷар мешавад .
Ин дипломати аршади Русия ҳамчунин афзуд ба назар мерасад ки Вашингтон моиласт рифоҳу суботи башариятро қурбонӣ кунад, то ба таври пешпоафтодаву девонавор як ҳисоби қадимӣ бо Русияро ҳал кунад .
Ҷент  Илн, вазири хазонадории Амрико эълом кард тасмими ин гуруҳ барои таълиқи узвияти Русия дар ин созмон як " иқдоми торихӣ "аст .
FATF мустақар дар Порис рӯзи ҷумъаи зимни таълиқи узвияти Рӯсия ба баҳонаи ҷанг дар Украина дар баёнияе иддао кард иқдомҳои Русия ба сурати ғайри қобили қабул мухолифи усӯли бунёдини ин ниҳод аст .