Феврал 26, 2023 17:38 Asia/Dushanbe
  • Амалиётӣ шудани тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Ҳинд ва Иттиҳоди Аврупо

Бо эъломи садри аъзами Олмон, тавофуқномаи тиҷорати озод миёни Ҳинд ва Иттиҳоди Аврупо амалиётӣ мешавад.

Ба гузориш ИРНА, Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, ки саргарми сафар ба Ҳинд аст, рӯзи шанбе бар аҳаммияти тавофуқномаи тиҷорати озоди пешниҳодӣ байни Ҳинд ва Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти тиҷорат миёни ду тараф таъкид кард ва гуфт, шахсан барои иҷрои зудҳангоми он талош хоҳад кард.

Шолтс пас аз анҷоми музокирот бо нахуствазири Ҳинд гуфт, мо хоҳони таъмиқи бештари равобити тиҷорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳинд ҳастем ва ба ҳамин далел аст, ки ба таври ҷиддӣ аз тавофуқи тиҷорати озод сӯҳбат мекунем. Ин мавзуи муҳимме аст ва ман шахсан пайгири ин мавзӯъ хоҳам буд то итминон ҳосил кунам анҷом он тӯлонӣ намешавад.

Дар ҳамин робита Нарендра Моди, гуфт: Олмон манбаи муҳимми сармоягузорӣ дар Ҳинд ва бузургтарин шарики тиҷории мо дар Аврупо аст.

Тибқи барнома, Шолтс субҳи якшанбе ба вақти маҳаллӣ дар охирин рӯзи сафар ба Ҳинд озими Бангалор мешавад ва пас аз он асри якшанбе аз иёлати Карнатака дидан карда ва сипас озими Олмон хоҳад шуд.

 

Барчасп