Вазири дохилаи Туркия: Мубориза бо терроризм идома хоҳад дошт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9907-Вазири_дохилаи_Туркия_Мубориза_бо_терроризм_идома_хоҳад_дошт
Вазири умури дохилаи Туркия дар вокуниш ба инфиҷори дар шаҳри Кайсерӣ гуфт, мубориза бо терроризм то саркӯби гурӯҳҳои террористӣ дар кишвар идома хоҳад дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 17, 2016 14:30 Asia/Dushanbe

Вазири умури дохилаи Туркия дар вокуниш ба инфиҷори дар шаҳри Кайсерӣ гуфт, мубориза бо терроризм то саркӯби гурӯҳҳои террористӣ дар кишвар идома хоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Сулаймон Сойлу, ки имрӯз (шанбе) билофосила пас аз интишори хабари инфиҷор дар Кайсерӣ (Қайсария), ба ҳамроҳи вазирони беҳдошт ва дифои Туркия дар маҳалли инфиҷор ҳозир шуд, ба хабарнигорон гуфт, мубориза бо терроризм идома хоҳад дошт ва ин набард бо саркӯби терроризм ба поён хоҳад расид.

Артиши Туркия эълом кард, бар асари инфиҷори як автобуси ҳомили низомён дар шаҳри Кайсерӣ, 13 сарбоз кушта ва 48 нафар захмӣ шуданд.

Пеш аз ин, шанбеи гузашта дар ду инфиҷори террористӣ наздики худрави ҳомили нерӯҳои вижаи пулиси Туркия, муқобили варзишгоҳе дар Истамбул, 44 нафар кушта ва 166 нафар захмӣ шуданд.