Декабр 17, 2016 19:33 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани шаш корманди фурудгоҳи Қандаҳори Афғонистон

Афроди мусаллаҳи ношинос бомдоди рӯзи шанбе, шаш нафар аз кормандони фурудгоҳи Қандаҳор дар ҷануби Афғонистонро ба зарби гулӯла куштанд.

Самим Хпалвок, сухангӯи устондори Қандаҳор гуфт, афроди мусаллаҳ худрави ҳомили кормандон зани фурудгоҳи Қандаҳорро ҳангоми азимат ба маҳалли кор мутаваққиф карданд ва панҷ сарнишини зан ва ронандаи мард онро ба зарби гулӯла куштанд.

Вай афзуд, ин кормандони зан дар бахши бозрасии фурудгоҳи Қандаҳор фаъолият мекарданд.

Ба гуфтаи сухангӯи устондори Қандаҳор, ҳувияти муҳоҷимони мусаллаҳ ҳанӯз шиносоӣ нашуда ва токунун фард ё гурӯҳе низ масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Мақомоти Афғонистон маъмулан Толибонро омили ин гуна ҳамалот медонанд.

 

Барчасп