Ноумедии Украина аз ваъдаи дарёфти ҷанганда аз Ғарб
https://parstoday.ir/tg/news/world-i99612
Вазири хориҷаи Украина эълом кард, Киев эҳтимол намедиҳад, ки Ғарб ба ин зуддӣ ҷанганда дар ихтиёри Украина қарор диҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 12, 2023 21:53 Asia/Dushanbe
  • Ноумедии Украина аз ваъдаи дарёфти ҷанганда аз Ғарб

Вазири хориҷаи Украина эълом кард, Киев эҳтимол намедиҳад, ки Ғарб ба ин зуддӣ ҷанганда дар ихтиёри Украина қарор диҳад.

Дар ҳоле, ки дархостҳои Украина аз Амрико ва муттаҳидонаш барои ташдиди ҳимоятҳои таслиҳотӣ идома дорад, вазири хориҷаи Украина аз дарёфти ҷангандаҳои ғарбӣ ба ин кишвар дар ояндаи наздик ибрози ноумедӣ кард.

Дмитрий Кулеба дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Bild am Sonntag"аз мақомоти олмонӣ хост ба ҳимоятҳои таслиҳотии худ аз Украина суръат дода ва омӯзиши халабонони украиниро оғоз кунад.