Шотландия хоҳони боқӣ мондан дар бозори ягонаи Аврупо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9970-Шотландия_хоҳони_боқӣ_мондан_дар_бозори_ягонаи_Аврупо
Давлати Шотландия барои боқӣ мондан дар бозори воҳиди Аврупо пас аз хуруҷи Англия аз Иттиҳоди Аврупо, тарҳеро ироа медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 18, 2016 10:32 Asia/Dushanbe
  • Шотландия хоҳони боқӣ мондан дар бозори ягонаи Аврупо

Давлати Шотландия барои боқӣ мондан дар бозори воҳиди Аврупо пас аз хуруҷи Англия аз Иттиҳоди Аврупо, тарҳеро ироа медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, давлати Шотландия эълом кард, ҳадаф аз ироаи тарҳ марбут ба наҳваи боқӣ мондан дар бозори воҳиди аврупоӣ, ҷилавгирӣ аз бурузи як фоҷиаи миллӣ аст, ки метавонад дар натиҷаи хуруҷи Англия аз Иттиҳоди Аврупо сурат бигирад.

Майкл Рассел -вазири музокирот бо Иттиҳоди Аврупо дар давлати Шотландия, рӯзи якшанбе гуфт, хуруҷи Англия аз Иттиҳоди Аврупо мумкин аст боиси аз байн рафтани 80 ҳазор фурсат шуғлӣ дар Шотландия дар даҳаи оянда шавад.

Тереза Мэй-нахуствазири Англия пештар эълом карда буд, модаи 50 Паймони Лисабонро, ки марбут ба фароянди хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо аст, то поёни моҳи марти 2017 ба иҷро хоҳад гузошт.

Шотландия хоҳони боқӣ мондан дар Иттиҳоди Аврупо аст, то аз бозори муттаҳид ва 500 миллион нафарии ин иттиҳодия ҳамчунон баҳраманд шавад.