Март 15, 2023 19:35 Asia/Dushanbe
  • Сели хисоратбор дар Туркия
    Сели хисоратбор дар Туркия

Сулаймон Сойлу, вазири кишвари Туркия аз афзоиши шумори ҷонбохтагони сели устонҳои зилзилазада ба панҷ нафар хабар дод.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, вазири кишвари Туркия гуфт, бориши шадиди борону ҷорӣ шудани селоб дар устони Шанлиурфа, чаҳор нафар ва дар устони Одиямон як нафар ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи Сулаймон Соилу, дар ин рухдоди табиӣ дастикам даҳ нафар, аз ҷумла ду неруи оташнишонӣ нопадид шудаанд.

Бар асоси тасовири дарёфтӣ, хиёбонҳо ба дарёча табдил шуда, мошинҳои зиёдеро сел бурд.

Бисёре аз хиёбонҳои шаҳр ба далели бориши шадиди борони шаби гузашта дучори обгирифтагӣ шуд.

 

Барчасп