Сиёсатмадори амрикоӣ : Барномаи ҳастаии Эрон нобудшуданӣ нест
https://parstoday.ir/tg/radio/daily_news-i120372-Сиёсатмадори_амрикоӣ_Барномаи_ҳастаии_Эрон_нобудшуданӣ_нест
Порстудей – Сиёсатмадор ва дипломати пешини Амрико сешанбе бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломии Эрон ба масири ҳастаии худ идома медиҳад , ошкоро эълом кард, ки хостаи Амрико барои мутаваққиф кардани барномаи ғанисозии урани Эрон дар амал имконпазир нест.
(last modified 2025-05-28T05:48:33+00:00 )
Май 28, 2025 10:42 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатмадори амрикоӣ : Барномаи ҳастаии Эрон нобудшуданӣ нест

Порстудей – Сиёсатмадор ва дипломати пешини Амрико сешанбе бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломии Эрон ба масири ҳастаии худ идома медиҳад , ошкоро эълом кард, ки хостаи Амрико барои мутаваққиф кардани барномаи ғанисозии урани Эрон дар амал имконпазир нест.

Вэнди Шерман-музокиракунандаи баландпояи пешини Амрико дар тавофуқи ҳастаии 2015 бо Теҳрон аз таҷрибаи худ дар таъомул бо Эрон гуфт ва ёдовар шуд : Доналд Трамп , раиси ҷумҳурии Амрико метавонад тавофуқи каме беҳтар аз Барҷомро ба даст оварад , чун конгрессу сенаро дар ихтиёр дорад . Шерман таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳатто дар сурати ҳамла ба таъсисоти феълӣ низ барномаи ҳастаии худро ҳифз хоҳад кард .