Вижабарномаи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
(last modified Sun, 01 Oct 2023 05:19:24 GMT )
Октябр 01, 2023 10:19 Asia/Dushanbe

Ҷалолиддини Муҳамади Балхии маъруф ба Мавлавӣ ва Мавлоно ва Румӣ дар шашуми рабиул аввали соли 604 ҳиҷрӣ дар шаҳри Балх дида ба ҷаҳон гушуд .

Рӯз ҳаштуми меҳр баробар бо 30 сентябр дар тақвими расмии Эрон ба унвони "Рӯзи бузургдошти Мавлавӣ" сабт шудааст.

Мавлавӣ аз машҳуртарин шоирони эронитабори порсигӯй ба шумор меравад, ки дар даврони ҳаёт ба алқоби «Ҷалолуддин», «Худовандгор » ва « Мавлонои худовандгор» номида шудааст . Ӯ дар 37 солагӣ орифу донишманди даврони худ буд ва муридон ва мардум аз вуҷудаш  баҳраманд буданд, то ин ки дар дидор бо орифи бузурге ба номи Шамсиддини Муҳаммади Табрезӣ шефтаи ӯ шуд .Дар ин мулоқоти кӯтоҳ  Мавлавӣ давраи пуршуреро оғоз карду дар 30 соли пас аз он осоре барҷой гузошт, ки аз олитарин натоиҷи андешаи башарӣ аст .