Бақоӣ: Вайронсозии Пажӯҳишгоҳи Пастори Эрон таҳдид ба амнияти тандурустии минтақа аст
Pars Today - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард,тахриб (вайронсози)и пажӯҳишгоҳи Пастори Эрон таҳдид ба амнияти беҳдошт(тандурусти)и минтақа аст.
Бино ба гузориши Pars Today бо истинод ба IRNA, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ қисме аз гузориши маҷаллаи бонуфузи тиббии The Lancet-ро дар саҳифаи X-и худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.
The Lancet дар гузорише чунин навиштааст: "Институт(пажуҳишгоҳ)и Пастор дар Эрон беш аз сад сол яке аз сутунҳои асосии низоми тандурустии Эрон будааст. Ин институт дар истеҳсол ва таҳияи ваксинаҳо, хидматрасонии озмоишгоҳи истинодӣ, ташхиси бемориҳо ва мониторинги бемориҳои сироятӣ , аз ҷумла коронавирус, вабо, девонагӣ, сурхча, сил, СПИД ва гепатити вирусӣ нақши асосиро бозидааст. Зарар ба ин институт на танҳо як талафоти рамзӣ, балки таҳдиди ҷиддӣ ва фаврӣ ба саломатии мардум аст. Ин масъала танҳо ба Эрон маҳдуд намешавад ва метавонад ба саломатии мардум дар тамоми минтақа таъсир расонад."
Дар гузориш гуфта мешавад: Ҳамла ба як маркази илмӣ ва тиббӣ, ки беш аз як аср таърих дорад, танҳо ҳамла ба бино нест; ин ҳамла ба ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқи баҳрабардорӣ аз дониш ва ҳуқуқи зиндагии мардуми Эрон аст.
Рӯзномаи Лансет таъкид кард: Ҳамлаи ИМА ва Исроил ба Институти Пастор дар Эрон намунаи равшани ҷинояти ҷангӣ аст ва омилони он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд ва ҷазо дода шаванд.