Апрел 22, 2017 11:13 Asia/Dushanbe

Саъдии Шерозӣ - шоир ва нависандаи порсигӯйи номдори эронӣ дар қарни ҳафтуми ҳиҷрии қамарӣ аст.

Саъдӣ таъсири инкорнопазире бар забони форсӣ гузоштааст. Ба тавре, ки шабоҳати қобили таваҷҷуҳе байни забони форсии имрӯзӣ ва забони Саъдӣ вуҷуд дорад. Осори ӯ муддатҳо дар мадрасаҳо ва мактабҳо ба унвони манбаи омӯзиши забони форсӣ тадрис мешуда ва бисёре аз зарбулмасалҳои роиҷ дар забони форсӣ аз осори вай иқтибос шудааст.

Китобҳои "Гулистон" ва "Бӯстон"-и Саъдӣ ба унвони китобҳои ахлоқӣ шинохта мешаванд ва илова бар форсизабонон, бар рӯшанфикрони ғарбӣ, аз ҷумла Волтер ва Гёте таъсиргузор будаанд. 

Ба манзури таҷлил аз Саъдӣ рӯзи аввали урдубиҳиштмоҳ (21-уми апрел) дар Эрон ба унвони Рӯзи Саъдӣ номгузорӣ шудааст. 

.

 

 

 

Барчасп