Амирабдуллоҳиён : Эрон омодаи бардоштани гомҳои ниҳоии тавофуқи ҳастаӣ аст
Ҳусайни Аамирабдуллоҳён, ، вазири умӯр хориҷа гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон омодаи бардоштани гомҳои ниҳоии тавофуқи ҳастаӣ ва лағви таҳримҳои золимона аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳён ، вазири умури хориҷаи Эрон ҷумъашаб дар тветте навишт : Дар дидор бо Ҷозеф Боррел-масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи бардоштани гомҳои ниҳоии тавофуқи ҳастаӣгуфтем ,ки мо мувофиқем . Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин ҳол тасреҳ кард : Панҷараи тавофуқ аз сӯи Эрон барои ҳамеша боз нест .
Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон ҳамчунин бо таъкид бар роҳи ҳали сиёсӣ дар Украина гуфт : На фаҷоиъи Гуантанамову Абӯғурайб ва на ҷинояти зидди занону кӯдакони Яману Афғонистон ба Амрико иҷозаи мавъизаи дигаронро намедиҳад .
Вазири умӯри хориҷаи Эрони пеш аз ин ва баъд аз анҷоми дидор бо масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ навишта буд дидораш бо ӯ сареҳ, дӯстона ва созанда будааст .
Амирабдуллоҳиён пеш аз ширкат дар нишасти Бағдод - 2 дар Аммон- пойтахти Урдун дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд қарор аст бо масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ҳошияи ин нишаст дидор кунад ;зимни инки тамосҳо ва гуфтугуҳо ба сурати ҷиддӣ дар ҷараён аст .
Вазири умури хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ карда буд бо тавваҷуҳ ба рӯйкарди амрикоиҳо дар се моҳи гузашта дар рӯйкард ва воқеъбинона рафтор кардани тарафи амрикоӣ тағироте эҷод шавад .
Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон хитоб ба амрикоиҳо ба сароҳат эълом кард байни риёкорӣ ва дархост барои расидан ба тавофуқ ва бозгашти Амрико ба Барҷом бояд якеро интихоб кунанд . Вазири умури хориҷаи Эрон сешанбеи гузашта ( бистуми декабр ) барои ширкат дар нишасти Бағдод - 2 дар Аммон-пойтахти Урдун ба ин кишвар сафар кард .