Сентябр 26, 2016 14:52 Asia/Dushanbe

Қисмати 697 сураи муборакаи " Қасас ", ояи 29-32

 

 

29

 

    فَلَمَّا قَضَى مُوسَىالْأَجَلَ وَسَارَ بِأَهْلِهِ آنَسَ مِن جَانِبِ الطُّورِ نَارًا قَالَ لِأَهْلِهِ امْكُثُوا إِنِّي آنَسْتُ نَارًا لَّعَلِّي آتِيكُم مِّنْهَا بِخَبَرٍ أَوْ جَذْوَةٍ مِنَ النَّارِ لَعَلَّكُمْ تَصْطَلُونَ                  

 

Пас чун Мусо мудати “Қарордоди худ бо Шуайб”-ро ба поён расонд ва ҳамроҳи хонаводааш “Ба сӯйи Миср” ҳаракат кард, аз ҷониби кӯҳи Тур оташеро дид, ба хонаводааш гуфт: Ҳаминҷо бимонед, ки ман оташе дидаам, шояд аз он хабаре барои шумо биёварам, ё шуълае аз оташ, то бо он гарм шавем.

 Дар ояҳои қабл гуфтем, ки ҳазрати Мусо (а), духтари ҳазрати Шуайбро ба ҳамсарӣ гирифт, ӯ пазируфт, ки лоақал ҳашт сол барои онон чупонӣ кунад ва агар хост ду сол ҳам бештар бимонад ва хидмат кунад. Ин оят мефармояд: Мусо (а) ончиро тааҳуд карда буд, анҷом дод ва пас аз даҳ соли чупонӣ, дасти ҳамсар ва фарзандонашро гирифт то ба сарзамини модарии худ яъне Миср боз гардад, аммо роҳ дур буд ва хатари бисёр онон ба сарзамини Шом,ки расиданд, шаб ҳангоми роҳро гум кардан ва ба дунболи роҳбаладе буданд, ки масирро аз ӯ суол кунанд.

Ҳазрати Мусо (а) аз дур оташеро дар доманаи кӯҳи Тур дид, ба худаш гуфт: Касе, ки ин оташро барафрӯхта, ҳатман роҳҳои ин сарзаминро мешиносад ва метавонад моро роҳнамоӣ кунад, ба илова , дар ин шаби сард ва торик, шуълае аз оташ бармегирам ва барои хонаводаам меоварам то бо он гарм шаванд.

 

Аз ин оят меомӯзем, ки:

 

1-Марди масъул таъмини ниёзмандиҳои ҳамсар ва хонаводаи худ аст, хонавода низ бояд ёвар ва ҳамроҳи ӯ дар ҳалли мушкилҳои зиндагӣ бошанд.

 

2- Алоқа ба ватан амри табии аст ва ҳар кас ҳақ дорад ҳатто пас аз солҳо дурӣ, ба сарзамини модарии худ бозгардад.

 

3- Мусо (а) , ки солҳои зиёд дар кох зиндагӣ карда буд, боисти даҳ соли чупонӣ ва биёбонгардӣ кунад, то ҳам хислати кохнишинӣ нагирад, ҳам барои таҳаммули мушкилҳои бузурги оянда, омода шавад.

 

30 

 

    فَلَمَّا أَتَاهَا نُودِي مِن شَاطِئِ الْوَادِي الْأَيْمَنِ فِي الْبُقْعَةِ الْمُبَارَكَةِ مِنَ الشَّجَرَةِ أَن يَا مُوسَى إِنِّي أَنَا اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ            

 

Пас ҳангоме, ки ба назди оташ омад, аз ҷониби рости он дарра, дар он ҷойгоҳи муборак, аз “Миён” як дарахт нидо дода шуд, ки эй Мусо! Ҳамоно ман, Аллоҳ, Парвардигори ҷаҳониён ҳастам.

 

Бар асоси ривояҳо, ҳангоме, ки ҳазрати Мусо (а) наздики оташ расид, дид ин оташ бо дигар оташҳое, ки токунун дида, мутафовит аст. Оташ аз миёни дарахти сабз ва тоза, на хушкида, шуъла мекашид он ҳам шуълаҳое, ки фақат нур ва рушноӣ дорад, на ҳарорат ва сузандагӣ.

Мусо дар ин фикр буд, ки ин оташ чигуна аст, ногоҳ нидое ӯро хитоб кард ва гуфт: Эй Мусо (а)! Он кас, ки туро ба инҷо овард, ман будам, ҳамон касе, ки холиқ ва соҳиби ихтиёри ту ва тамоми ҳастӣ аст.

Дар ҳақиқат Худованд каломро эҷод кард ва ин гуна бо бандааш Мусо (а) сухан гуфт, сухан гуфтане, ки ӯро аз дигар паёмбарон мутамоиз сохт ва ба калимуллоҳ маъруф шуд.

 

Ах ин оят меомӯзем, ки:

 

1-Дар фарҳанги диннӣ, маконҳое, ки ба Худованд мансуб ҳастанд, маконҳои муқаддас ба шумор мераванд, гарчӣ кӯҳ ва биёбон бошанд.

 

2- Мусо (а) дар пайи овардани оташ барои хонаводааш ва пайдо кардани роҳ, ба кӯҳи Тур рафт, вале Худованд дар онҷо масуляти  ҳидояти мардумро бар души ӯ гузошт ба иборате, вазифаи мо ҳаракат ва талош аст, аммо натиҷаи он дар дасти мо нест.

 

31

 

    وَأَنْ أَلْقِ عَصَاكَ فَلَمَّا رَآهَا تَهْتَزُّ كَأَنَّهَا جَانٌّ وَلَّى مُدْبِرًا وَلَمْ يُعَقِّبْ يَا مُوسَى أَقْبِلْ وَلَا تَخَفْ إِنَّكَ مِنَ الْآمِنِينَ        

 

Ва “Эй Мусо” асоятро бияфкан, пас дид, ки он асо ба суръат ҷаст ва хез мекунад, ки гуё мори хурд ва чобук аст, ба он пушт кард ва по ба фирор гузошт ва пушти сарашро ҳам нигоҳ накард “Нидо расид, ки” “Эй Мусо! Пеш ой ва натарс, ки ту дар амонӣ”

 

32

 

    اسْلُكْ يَدَكَ فِي جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَاء مِنْ غَيْرِ سُوءٍ وَاضْمُمْ إِلَيْكَ جَنَاحَكَ مِنَ الرَّهْبِ فَذَانِكَ بُرْهَانَانِ مِن رَّبِّكَ إِلَى فِرْعَوْنَ وَمَلَئِهِ إِنَّهُمْ كَانُوا قَوْمًا فَاسِقِينَ                     

Дастатро дар гиребонат фру бибар то сафед ва дурахшон, бидуни ҳеҷ беморӣ ва айб ва нуқсе, берун ояд ва барои раҳоӣ аз тарс, бозӯйи худро ҷамъ кун “Дастҳоятро рӯйи синаат бигзор” пас ин ду “Муъҷиза” ду  бурҳон аз тарафи Парвардигори ту ба сӯйи Фиръавн ва атрофиёни ӯст, ки онон грӯҳи фосиқ ва нофармонанд.

 

Ба таври табии Мусо (а) бо шунидани чунон садое, ки токунун нашунида ва ноошно буд ва бо дидани он саҳна ва оташи аҷиб, дучори шигифтӣ ва таҳаюр шуд, ки ин садо чист ва он саҳна чигунааст?

Пас Худованд барои итмоми ҳуҷҷат ва итминон додан ба ин,ки ончӣ Мусо (а) мебинад ва мешунавад, аз ҷониби Худои бузург аст, ду муъҷиза ба ӯ нишон дод, яке табдил шудани асои ӯ ба мор ва дигаре дурахшон шудани кафи даст, бо дидани ин ду эъҷоз, ибтидо худи Мусо (а) ба ҳақонияти ончӣ шунида буд, итминон ёфт, сипас аз ҷониби Худованд маъмур шуд бо доштани ин ду муъҷиза, ба Миср боз гардад. Аввалин маъмуряти ӯ рафтан ба кохи Фиръавн буд, ки умре дар он зиндагӣ карда буд, аммо ин бор барои даъвати Фиръавн ба яктопарастӣ ва даст бардоштан аз зулм ва ситам ба Бани Исроил.

 

Аз ин ояҳо меомӯзем, ки:

1-Касе метавонад дигаронро ҳидоят кунад, ки худ ба ҳақонияти роҳаш итминон дошта бошад.

 

2- Барои ислоҳҳои асосӣ дар ҷомеа, ибтидо бояд ба суроғи решаҳо ва сарчашмаҳои зулм ва фасод рафт.

 

3- Тарс ва фарор аз хатар, аз вижагиҳои башарӣ аст ва паёмбарон аз ин ҷиҳат, тафовуте бо дигар инсонҳо надоранд.