Декабр 08, 2022 09:33 Asia/Dushanbe
  • Боздиди муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон аз маҷмааи Саъдобод

Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон аз маҷмааи Саъдободи Теҳрон боздид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ҳамроҳи Маҳмуди Солорӣ, муовини умури ҳунарии вазири фарҳангу иршоди исломӣ аз маҷмааи Саъдобод боздид кард.

Давлат Сафар дар ҳошияи боздид аз Кохи мӯзейҳои Сабз ва Миллат ва мӯзейи устоди Фаршчиён, зимни ибрози шигифтӣ аз таблуҳои нигорагарии устоди онҳоро чашмнавозу ягона тавсиф ва абётӣ аз ашъори Ҳофизро хонд.

Солорӣ ҳам зимни ишора ба таблуи рӯзи панҷуми офариниши устод Фаршчиён, рӯҳи ин устоди нигорагариро ба парандае ташбеҳ кард, ки дар олами малакӯт сайр мекунаду мушоҳидоташро рӯи таблу меоварад.

Ҳунари қолибофии эронӣ, ки намунаи томи он дар кохҳои Сабз ва Миллат намуд ёфтааст, аз дигар нукоте буд, ки муовини вазири фарҳанги Тоҷикистонро таҳти таъсир қарор дод. Ӯ ҳамчунин ба шабоҳати бархе бофтаҳои дурӯ дар Эрон ва  Тоҷикистон ишора кард.

Барчасп