Апрел 12, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Тиловати Қуръон аз дидгоҳи Имом Ризо алайҳиссалом

Қуръон ва аҳли байт алайҳимуссалом ҳеч гоҳ аз якдигар ҷудо набудаанд. Бо мутолиа дар сира ва сабки зиндагии аҳли байт (а) дармеёбем, ки Қуръон ва аҳли байт алайҳимуссалом ҳеч гоҳ аз якдигар ҷудо набудаанд ва Қуръон дар тамоми абъоди зиндагии онҳо ҳузур доштааст.

Имом Ризо алайҳиссалом дар баёне зебо ва дар тавсифи Қуръон онро риштаи муҳкаме, ки ба биҳишт меанҷомад, тавсиф кардаанд.

 Муҳаммад ибни Мӯсо Розӣ ба нақл аз падараш мегӯяд: Имом Ризо (а) рӯзе аз Қуръон ёд кард ва шеваи истидлол ва чигунагии баёни оёт ва муъҷизоти назми Қуръонро боаҳамият шумурд ва фармуд: Қуръон ресмони муҳками Худованд ва риштаи устувори ӯ ва роҳи дурусте аст, ки ба биҳишт меанҷомад ва аз дузах раҳоӣ мебахшад ва аз он ҷо ки барои замони хоссе падид наёмада аст, дар гузари рӯзгорон куҳна намешавад ва ба хондани фаровон, бароянди худро аз даст намедиҳад, балки ҳуҷҷат ва бурҳони ҳамаи наслҳо аст. Ботилро ба пасу пеши он роҳе нест ва фиристодае аз ҷониби Худои доно ва сутудаи аст. )1)

Имом Ризо алайҳиссалом дар баёни дигаре фазилати бешумори қироати Қуръон дар моҳи рамазонро мутазаккир шуда мефармояд: Ҳар кас дар моҳи рамазон як оят аз Китоби Худоро қироат кунад, мисли ин аст, ки дар моҳҳои дигар тамоми Қуръонро бихонд. )2(

Иброҳим ибни Аббос дар заминаи истидлоли Имом Ризо (а) ба оёти Қуръон мегӯяд: Ман ҳаргиз надидам касе саволе аз ҳазрати Ризо алайҳиссалом бикунад ва ӯ ҷавоби онро надонад. Ҳеч касро донотар аз Имоми ҳаштум надидам. Маъмун ӯро бо суолҳои мухталиф имтиҳон мекард ва ӯ ҳамаи онҳоро посух мегуфт. Калом ва ҷавобаш ҳамеша бархоста аз оёти Қуръони карим буд. (3)

Ӯ идома медиҳад, ки Имом Ризо алайҳиссалом ҳамаи Қуръонро дар муддати се шабонарӯз тиловат мекард ва борҳо ба ёрони худ мефармуд: Агар мехостам Қуръонро дар камтар аз ин замон, хатм мекардам вале равиши ман чунин аст, ки: Ҳеч як аз оятҳои Қуръонро намехонам, магар ин ки дар он тааммул ва андеша мекунам, ки дар чӣ заминае ва дар чӣ замоне нозил шуд ва ба ин сабаб аст, ки Қуръонро дар се шабонарӯз ба поён мерасонам. ‏(4)

Раҷо ибни Заҳҳок, ки дар масири сафари Имом Ризо (а) аз Мадина то Марв ҳамроҳи эшон будааст, мегуяд: Имом Ризо алайҳиссалом шабҳо бисёр тиловати Қуръон мекард. Ҳангоме, ки ба оятҳое мерасид, ки дар он сухан аз биҳишт ва дузах ба миён омада буд, гиря мекард, ва аз даргоҳи Худо тақозои биҳишт менамуд ва мегуфт, паноҳ мебарам ба Худо аз оташи дузах. (5)

Имом Ризо (а) дар ривояти дигар дар бораи меъёри сиҳҳат ва сақми ривоёти манқул аз аҳли байт (а) дар посух ба савол дар ҳамин замина мефармояд: Ҳар ривоёте, ки аз мо ба шумо расид, бо Қуръон ва аҳодиси мо муқоиса кунед, агар ба он ду шабоҳат дошт, рост аст ва агар шабоҳат надошт, дуруғ аст ва онро нагуфтаем.

Ҳамчунин аз Имом Ризо алайҳиссалом ривоят шуда аст, ки ҳазрати Расул саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуд: Ҳар кӣ чаҳор мартаба сураи "Изо зулзилат..." бихонад, чунон аст, ки тамоми Қуръонро хонда аст. (6)

Исмоил ибни Саҳл мегуяд, ба Имом Ризо алайҳиссалом навиштам: Дуое ба ман биомӯз, ки чун онро бигӯям дар дунё ва охират бо шумо бошам.

Имом (а) дар ҷавоб навиштанд: "Инно анзалноҳу..."-ро бисёр тиловат кун ва лабҳоятро бо истиғфор тару тоза кун (ҳамвора истиғфор бар забонат бошад).

Имом Ризо алайҳиссалом дар баёне дигар дар вижагии қироати ин сура фармуд: Ҳар кас ба зиёрати қабри бародараш биравад ва дасташро рӯйи қабри ӯ бигузорад ва ҳафт бор сураи "Инно анзалноҳу..."-ро бихонад, аз ҳароси рӯз растохез дар амон мемонад. (7)

Имом Ризо (а) ҳамчунин ба нақл аз Расули Акрам (с) фармуд: Ҳар кӣ чаҳор мартаба сураи "Изо зулзилат..."  бихонад, чунон аст, ки тамоми Қуръонро хонда аст. (8)

Пайнавиштҳо:

1. Уюну ахбору-р-Ризо, ҷ. 2, саҳ. 130

2 . Биҳору-л-анвор, ҷ. 93, саҳ. 346

3. Биҳору-л-анвор, ҷ. 49, саҳ. 90

4. Уюну ахбору-р-Ризо, ҷ. 2, саҳ. 420

5. Уюну ахбору-р-Ризо, ҷ. 2, саҳ. 182

6. Биҳору-л-анвор, ҷ. 92, саҳ. 333. Айну-л-ҳаёт, ҷ.2, саҳ. 273

7. Шафобахш ва мушкилкушо, саҳ. 43

8. Биҳору-л-анвор, ҷ. 92, саҳ. 333. Айну-л-ҳаёт, ҷ.2, саҳ. 273

 

 

 

Барчасп