Апрел 22, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи худро бо нушидани об ва оби лимон шурӯъ кунед

Нушидани об ва оби лимон дар ғизои субҳона мазоё ва фойидаҳои бисёр зиёде дорад, зеро ҳам оби лимон ва ҳам об таъсироти мусбати бисёр зиёде дар бадани мо мегузоранд.

Дафъи  заҳрҳо

Дар режими ғизоии мо  маъмулан миқдори зиёди   ғизоҳои  асид(кислота) дор вуҷуд дорад ва асиди зиёд мумкин аст асароти зиёнборе барои бадани  мо дошта бошад. Оби  лимон хуни  моро тоза  мекунад  ва вақте бо об таркиб мешавад ба дафъи самҳо(заҳрҳо) аз  бадан кумак мекунад  ва дар ниҳоят боис мешавад,ки мо пусти  солим ва рушантаре дошта бошем ва доғҳо ва ожангҳои камтаре  дар пусти  мо эҷод  шавад. Лимон як зиддиуфуникунандаи  табиъӣ аст,банобарин ба хубӣ метавонад ба дармони мушкилоти пустии мо кумак кунад.

Коҳиши  вазн

Нушидани таркиби об ва оби лимон дар  ғизои  субҳона  ба коҳиши фаврии  вазн   низ кумак мекунад  зерои  дафъи заҳрҳои  бадан боиси  об шудани  чарбиҳо   низ мешавад.

Ҷилавгирӣ аз  варам 

Лимон саршор аз витамини  C  аст.Бинобарин ба мо кумак мекунад, ки аз бурузи  варамҳои  мухталиф дар бадан мисли  варами  гулӯ ва ангенаҳо пешгирӣ кунад ва ҳатто  метавонад  ин варамҳоро дармон кунад . Витамини  C ба коҳиши  ҳассосит(аллергия)ҳо ва ба рафъи  аломатҳои  асма низ кумак мекунад.

 

Барчасп