Май 07, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Сабки зиндагии Разавӣ: Фарогирии дониш

Имом Ризо (а) мефармоянд: Дар савол кардан чаҳор тоифа ба подоши некӯ мерасанд: Саволкунанда, таълимдиҳанда, шунаванда ва дӯстдорони инҳо.

Дар нигоҳи ваҳйи илоҳӣ:يَرْفَعِ اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا مِنكُمْ وَالَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ دَرَجَاتٍ

Худо онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дониш ёфтаанд, ба дараҷоте барафрозад.

(Сураи Муҷодала, ояи 11)

Ва дар ҷои дигар омада аст, ки агар муъминон ду тоифа тасаввур шаванд, онҳое ки танҳо муъминанд ва дастае, ки ҳам муъмин ва ҳам олим, тоифаи дувум бар тоифаи аввал бартарӣ хоҳанд дошт.

Дар нигоҳи Имом Ризо алайҳиссалом яке аз роҳҳои комил шудани хиради мусалмон, бархӯрдорӣ аз ин хислат аст, ки дар тӯли умраш аз талаби дониш дилтанг нашавад.

 Имом бар ин нукта таъкид мефармуданд: Касе ки илм надорад, набояд аз ёдгирӣ шарм кунад.

Ҳазрати Ризо (а) мефармоянд: Илм хазинаҳо бошад ва калиди ин хазоин, савол аст. Пас, савол кунед, Худованд бар шумо тараҳҳум мекунад.

 

Баргирифта аз китоби "Сабки зиндагии Разавӣ".

Барчасп