Пусти ҷавон бо хурдани зардолу
(last modified Sun, 21 May 2017 06:34:43 GMT )
Май 21, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Пусти ҷавон бо хурдани зардолу

Зардолу; манбаъи бета-каротин

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони ҷавон дар байни сабзиҷот, сабзӣ (зардҷома ё ҳавиҷ) бештарин миқдори бета-каротинро дорад ва дар байни меваҳо   зардолу ингуна аст. Ҳеҷ меваи дигаре ба ин андоза дорои  бета-каротин  нест. Бета-каротин  аз гуруҳи   каротиноидҳо ва пешсози витамини  A дар бадан аст . Ҳамчунин ба унвони як антиоксидон, баданро аз садамаҳои радикилҳои озод ҳифз мекунад.

Ахиран собит шуда аст ки теъдоди зиёди  каротиноидҳои  дигар мисли  кверцетин ва миқдори зиёде асидсолисилик(салициловая кислота)  дар зардолу вуҷуд дорад .Ин мавод  мутаъаллиқ ба гуруҳи  бузурге аз маводи  фаъъоли биологӣ(биоактив)  ҳастанд ва метавонанд аз маводи ғизоӣ  маводи дармонӣ бисозанд ва ғишои мухоти (ҳуҷайраҳои таъминкунандаи рутубат)-ро навсозӣ  кунанд.

 Ҷавон кардани  пуст бо хурдани  зардолу

Бета-каротини  мавҷуд дар зардолу монеъи пина бастан ва хушк шудани  пуст мешавад. Вақте пусти  бадан  дучори мушкил  шуда  сафед   ё  хокистариранг  мешавад нишонаи камбуди  бета-каротин  аст. Бета-каротин мисли як пусти табиъӣ аз дохил асар мекунад.

Зардолу муҳофиз дар муқобили  садамоти  бархоста аз таъсири ултрабунафшҳои  нури офтоб дар тобистон миқдори каротини муҳофизи  мавҷуд дар пуст кам мешавад ва ҳар қадар таъсири ултрабунафшҳо шадид бошанд, ба ҳамон нисбат каротини бештаре дар бадан  масраф мешавад. Бета-каротин дар бадан як пушиши  муҳофиз дар муқобили  радикалҳои  озод ба вуҷуд меоварад.

Нури  офтоб,  никотини  сигарет, стрес ва маводи зарарнок   сабаби  тавлиди  радикалҳои  озоди  хатарнок дар бадан мешаванд. Бета-каротин ин тавоноиро  дорад, ки ба муқобила бо ин радикалҳо  бархезад ва энергияи бади онҳоро кам  кунад.

Каротини мавҷуд дар пуст ба унвони як муҳофиз дар муқобили таъсири ултрабунафшҳо амал мекунад. Агар аз креми зидди офтоб ҳам истифода  нашуда  бошад  қаҳваӣ  шудани  пустро осон  ва аз сурх ва сухтани пуст пешгирӣ  мекунад.