Хавос ва таъсироти меваи биҳӣ
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i18142-Хавос_ва_таъсироти_меваи_биҳӣ
Биҳӣ мевае дарахтӣ аст, ки шукуфаҳои он, ба рангҳои суратӣ ва сифед ва меваи он зардранг аст. Меваи биҳӣ, дорои роиҳае матбӯъ ва дилпазир аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 03, 2017 04:56 Asia/Dushanbe
  • Хавос ва таъсироти меваи биҳӣ

Биҳӣ мевае дарахтӣ аст, ки шукуфаҳои он, ба рангҳои суратӣ ва сифед ва меваи он зардранг аст. Меваи биҳӣ, дорои роиҳае матбӯъ ва дилпазир аст.

Ин мева, каме сахт ва таъми он туршу ширин аст. Биҳӣ мевае бисёр арзишманд ва муфид барои инсон аст. 

Имом Алӣ (а) дарбораи арзиши биҳӣ мефармоянд: "Рӯзе назди паёмбар (с) рафтам ва мушоҳида кардам, ки эшон дар ҳоли хурдани биҳӣ аст. Паёмбар ба ман ин меваро таъоруф кард ва фармуданд: Эй Алӣ, бихур, ки ин (мева) ҳадяи Худованд ба ман ва туст. Ман дар он ҳамаи лаззатҳоро дидаам. Сипас эшон хитоби биҳӣ фармуданд: эй  Алӣ, ҳаркас се рӯзи рӯза биҳӣ бихурад, зеҳнаш сафо меёбад".

Ҳамчунин имом Ризо (а) дар як тавсияи тағзияӣ, барои эҷоди оромиш ва тақвияти қалб ба нақл аз ҳазрати Алӣ (а) мефармоянд: Талҳа Ибни Абдуллоҳ бар расули Худо (с) ворид шуд ва дар дасти расули Худо (с) як "биҳӣ" буд ва онро ба Талҳа дод ва фармуд: Эй Абумуҳамад инро бигир, ки қалбро роҳат ва тақвият мекунад.

Биҳӣ саршор аз витаминҳои A ва Б ва амлоҳи оҳакӣ, петасиюм, фосфор ва калсиюм аст. Пизишкон муътақиданд, витамини A дар таҷдиди қувои ҷавонӣ нақш дорад ва витамини Б низ аъсобро мутаъодил мекунад. Биҳӣ системаи асабии фардро ором мекунад ва петасиюми болои он, фишори хунро поин меоварад.

Дар мавриди хавоси дармонии "биҳӣ" бояд гуфт, ки ин меваи арзишманд дар тақвияти меъда ва ҷигар муассир аст. Биҳӣ, фикр ва зеҳнро фаъол мекунад ва аз байн барандаи андӯҳу афсурдагӣ аст. Донаҳои биҳӣ саршор аз маводе аст, ки дар саломатии инсон муассиранд. Дар қадим, на танҳо аз меваи биҳӣ балки аз дона ва барги он дар дармони бемориҳо истифода мекарданд. Вақте донаҳои биҳиро дар оби гарм тар мекунанд, лиъобе дуруст мешавад, ки хавоси дармонӣ дорад ва сурфаро таскин мебахшад. Имом Содиқ (а) мефармоя: "биҳӣ меъдаро некӯ ва қалбро муҳкам ва қавӣ месозад".

Таъсироти рӯҳӣ ва равонии хурданиҳо, масаълаи асроромез аст, ки дониши башар ҳануз ба тамоми завоёи он пай набурдааст. Дар дини ислом дарбораи таъсироти рӯҳӣ ва равонии хурданиҳо, тавсияҳои фаровоне ба чашм мехурд.

Биҳӣ мевае аъҷобангез аст, ки илова бар хавоси ҷисмӣ, бар рӯҳия ва ахлоқи фард таъсир мегузорад. Паёмбар (с) мефармояд: "Биҳӣ бихуред, чун зеҳнро тақвият мекунад, ғам ва андӯҳро мебарад ва фарзандро зебо месозад". Имом Содиқ (а) дарбораи биҳӣ мефармояд: "Дар биҳӣ вижагие аст, ки дар дигар меваҳо нест. Биҳӣ (фард)-и тарсуро далер ва шуҷоъ мекунад".

Имом Ризо (а) дарбораи тақвияти қалб дар сухане "биҳӣ"-ро муфид дониста мефармоянд: ба расӯли Худо саллаллоҳе алайҳи ваолеҳи васаллам "биҳӣ" ҳадя доданд, онро бо дасташон нисф карданд. Он ҳазрат биҳиро хеле бештар дуст медошт ва онро тановул карда ва ба ёронаш, ки дар маҳзараш буданд низ доданд ва фармуданд: "Биҳӣ бихуред, ки он қалбро ҷило дода ва барои сина хуб буда ва онро тамиз мекунад".