Меваи чормағз ва хавоси он
Маншаи дарахти чормағзро дар Осиёи Ғарбӣ ва навоҳии Ҳимолиё медонанд.
Дарахти чормағз аз дарахтони бисёр боарзиш ва аз паҳнбаргон аст, ки дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон дар нимкураи шимолӣ аз марказ то шарқи Авурупо ва Қафқоз ва шимол ва маркази Эрон то доманаҳои Ҳимолиё ва кишвари Чин ва Ҷопон ва ҳамчунин гунаҳое аз он дар амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ ба таври табиӣ мерӯянд ва кошта мешаванди. Танҳо ҷангали табиии боқимонда аз ин маҳсул дар дунё ҳамакнун дар Қирғизистон ва дар шароити бисёр хуб мавҷуд аст. Аммо муҳимтарин чормағзҳои мавҷуд дар дунё маъруф ба чормағзи эронӣ аст. Зеро ибтидо аз Эрон ба Ховаримиёна ва аз онҷо ба Юнон ва Рум ва сипас ба Англия ва баъд ба Амрико бурда шудааст. Чормағзи эронӣ танҳо гунае аз ин хонавода аст, ки мағзи он аз назари хурокӣ масрафи иқтисодӣ дорад.
Дар ривоёти исломӣ аз чормағз баунвони ғизои мукаммал ёд шуда, ки рафъкунандаи зиёнҳои эҳтимолии бархе маводи ғизоӣ аст. Дар ин ривоёт, масрафи чормағз бо маводе мисли сир ва нон барои асарбахшӣ муфид тавсия шудааст. Дар баъзе аз ривоёт омадааст, ҳаряк аз чормағз (мағзи чормағз) ва сир агар ба танҳоӣ хурда шавад, муҷиби дард ва беморӣ ва зарар мешавад.
Имом Ризо (а) мефармояд: "Ду чизанд, ки ҳаргоҳ дохили меъда шаванд, сабаби фасоди он мегарданд: сир ва гӯшти монда, аммо агар ба ҳамроҳи мағзи чормағз хурда шавад, на танҳо зараре надорад ва макруҳ нест, балки як ғизои муфид аст, ки аз он дар ривоёт ба шифо таъбир шудааст.
Хурдани чормағз аз ташкили санги гурда ва санги кисаи сафро ҷилавгирӣ мекунад ва чарбиҳои муфиди мавҷуд дар чормағз, колестроли бади хунро коҳиш дода ва аз тасаллуби шоҳрагҳо пешгирӣ мекунанд. Мутолеоти анҷомшуда баёнгари ин матлаб аст, ки масрафи чормағз хатари марги ногаҳонии ношӣ аз ихтилолоти қалбӣ ва гирифтагии урӯқро коҳиш медиҳад.
Муҳаммад Ибни Иброҳими Ҷаъфӣ мегӯяд: Марде ба имом Ризо (а) аз дилпеча шикоят кард, ки наздик аст, ӯро бикушад. Аз он ҳазрат хост, барои ӯ дуо кунад, зеро доруҳои зиёдеро ба кор бурда ва нафъе надошт балки бар дарди он ҳам афзудааст. Муҳаммад гӯяд: имом Ризо (а) табассуме карда ва фармуданд: "вой бар ту! Агар ман аз Худованд бихоҳам, ки он бартараф шавад, ҳамоно аз Худованд мехоҳам, ба ҳавли қудрати худ онро аз ту бартараф гардонад. Сипас замоне, ки дилпечаи ту шадид шуд, чаормағзеро дохили оташ кун, то ҳарорат ба дохили он бирасад ва ҳамаи пӯсташро тағир диҳад ва баъд онро бихур, ки дар ҳамон соат дилпечаат ором гирад".
Имом Ризо (а) фармуданд: хурдани чормағз дар тобистон сабаби гармӣ ва ҳарорати ҷисм мешавад ва муҷиби пайдоиши илтиҳоб ва хол ва ҷӯшҳои чиркин дар бадан мегардад, аммо масрафи он дар зимистон гурдаҳоро гарм нигаҳ медорад ва сардӣ ва бурудатро аз бадан дафъ мекунад.
Муҳаммад Ибни Иброҳими Ҷаъфарӣ гӯяд: Ба Худо савганд як бор онро анҷом додам, дилпеча аз ман бартараф шуд ба фармони Худо.