Ғизоҳои ҳалол ва ҳаром
Дар ислом, дар мабоҳиси марбут ба тағзия, мавзӯи ҳалол ва ҳаром аз ҷойгоҳи хосе бархӯрдор аст.
Ислом таъкиди фаровоне бар хурдани ғизои ҳалол дорад ва таомҳои ҳалолеро, ки вориди бадани мо мешавад, мояи покӣ ва касби энержӣ барои ҳаракат дар роҳи Худо медонад. Вале таомҳои ҳаром ва нопокро табоҳкунанда мехонд. Ғизоҳои ҳаром аз ин рӯ зиёнбор ва табоҳкунанда дониста шудааст, ки осеби ахлоқӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии фаровоне ба бор меоварад.
Имом Ризо (а) мефармояд: "Ислом ҳар ончиро барои саломати ҷисм ва равон хатарнок ва зиёнбор аст, ҳаром ё макруҳ ва ончиро барои инсон лозим ва муфид аст, воҷиб ё мустаҳаб донистааст. Ҳамчунин ончиро, ки суд ва зиёне барои ҷисм ва равони одамӣ надорад, мубоҳ хондааст. (Мустадракулвасоил, ҷилди 16, сафҳаи 233).
Ислом дар баҳси хӯрданиҳои ҳалол ва ҳаром ба куллиёт иктифо накарда аст.
Дар оёт ва ривоёт ба таври сареҳ ва мушаххас хӯрдани бархе аз ғизоҳо мамнӯъ ва ҳаром эълом шудааст. Худованд хурдани гӯшти баъзе аз ҳайвонот, аз ҷмула гӯшти хукро ҳаром медонад. Хурдани ҳайвони мурда, парандагон ва дарандагоне, ки чангол доранд, ҷоиз нест. Ҳамчунин хурдани хун, аз ҷумла хуни ҳайвоноти ҳалолгӯшт, ҳаром аст. Аз миёни гиёҳон низ хурдани гиёҳони заҳролуд ва зиёновар, ки боиси марги инсон шаванд, ҳаром маҳсуб мешавад. Масрафи бархе нӯшиданиҳо, аз ҷумла машруботи алкулӣ, ки масткунанда ва зиёновар ҳастанд, ҷоиз нест.
Дар ислом инсонҳо ба хурдани ғизои ҳалол ва покиза фаро хонда шуда ва аз пурхурӣ ва шикамборагӣ манъ шудаанд.
Ғизоҳои гуногун бар ахлоқ ва равони инсон таъсир доранд. Ин дар ҳоле аст, ки илми тағзия бештар бар мавзӯи таъсироти ҷисмии ғизо муттамаркиз шуда ва ба арсаи осори ахлоқӣ ва равонии хурданиҳо ворид нашудааст.
Паёмбар (с) фармуд: "Ду кас ҳамеша бемор аст, инсони тандурусте, ки режим мегирад ва аз бархе ғизоҳо парҳез дорад ва инсони беморе, ки ҳамаи чизро мехурад".
Имом Ризо (а) низ дар ин маврид мефармояд: "Мардум дар хурдани ғизо миёнарав бошанд, баданҳои онон эътидол пайдо мекунад".
Имом Ризо (а) дар бораи давом ёфтани саломатии бадан мефармоянд: "Бадан ҳамонанди замини пок ва омода барои зироат аст, ки агар дар ободонӣ ва обдиҳӣ ба он муроқибат шавад, ба гунае, ки об на бештар аз ниёз ба он бирасад то онро ғарқ кунад ва на аз андоза камтар бошад то онро ба хушкӣ гирифтор созад, ободониаш истимрор меёбад ва хуррамиаш бештар мегардад ва кишти он баракат меёбад. Аммо агар аз он ғафлат шавад, ба табоҳӣ мегарояд ва алафи ҳарз дар он мерӯяд".
Ҳамон тавр, ки гуфта шуд, ислом хурдани ҳаромҳоро барои ҷисм ва равони инсон зарарнок медонад. Пизишкон ва муҳаққиқон низ акнун ба осори зиёнбори бархе ғизоҳо ва нӯшиданиҳои ҳаром, монанди гӯшти хук ё масрафи алкул пай бурдаанд ва ҳушдорҳое дар ин хусус додаанд. Ба таври мисол онҳо дарёфтаанд, ки бархе бемориҳо аз тариқи масрафи гӯшти хук ба инсон интиқол меёбад.
Пизишкон мегӯянд, алкул риски ибтило ба саратони кабид, гулӯ, ҳанҷара, даҳон ва синаро афзоиш медиҳад. Нӯшидани алкул ба рӯдаи борик ва меъда осеб мерасонад ва тавоноии баданро дар ҷазби маводи ғизоӣ, таҳти таъсир қарор медиҳад. Аз сӯи сӯи дигар, масрафи шароб ва нӯшиданиҳои алкулӣ, бар ақли инсон таъсири манфӣ мегузорад ва қудрати тафаккури саҳеҳ ва мантиқиро аз фарди алкулӣ мегирад. Ба тавре, ки як фарди маст мумкин аст ҳар ҷурмро муртакиби шавад ва ҳатто даст ба ҷиноят бизанад. Фарди алкулӣ на танҳо ба худ ва ҷомеа осеб мерасонад, балки наслҳои баъдии ӯ низ дучори мушкилоти мутааддиди ҷисмӣ ва равонӣ хоҳанд шуд.