Навъҳои сабзиҷот, хосият ва таъсири онҳо
Сабзӣ тароват, зебоӣ ва нишотро ба армуғон меоварад.
Равошиносон муътақиданд, ки ранги сабз нишотовару фараҳбахш аст ва аз ин рӯ аст, ки Худованд табиатро ба ранги сабз даромехта ва ороста кардааст.
Дар ривоёти исломӣ дар боби ғизо таваҷҷуҳи вижае ба сабзиҳо шудааст. Паёмбар (с) мефармояд: "Суфраҳои худро бо сабзиҳо биороед, зеро анвои шаётин (олудагиҳо ва микроб)-ро ба изни Худованд нобуд месозад".
Имрӯз мутахассисони тағзия фоидаҳои арзишманди сабзиҷотро пай бурдаанд. Онҳо хӯрдани сабзиҷотро дар тӯли рӯз тавсия мекунанд. Ба назари аксари пизишкон, муҳимтарин вижагии сабзиҷот хосияти зиддисаратонии онҳост.
Марде ба номи Ҳаннон нақл мекунад, ки "рӯзе бар суфрае дар канори Имом Содиқ (а) нишаста будам. Он ҳазрат миқдоре сабзӣ бардошта, ба ман таоруф карданд, аммо ман чун бемор будам, аз хӯрдани он парҳез кардам ва узр хостам. Он гоҳ Имом Содиқ (а) фармуданд: "Ҳар гоҳ барои амир-ул-мӯъминин Алӣ суфра мегустурданд, ҳамроҳ бо сабзӣ буд".
Имом Ризо (а) низ дар бораи сабзиҷот фармудаанд: «Беҳтарини онҳо коснӣ ва коҳу мебошад».
Аз ин таъкидҳо дар мутуни исломӣ дар мавриди истифода аз сабзиҷоти зиёд ба чашм мехӯрад. Дар воқеъ, бузургони дин таъкид доштаанд, ки мардум дар режими ғизоӣ аз ин маводи арзишманд истифода кунанд.
Мутахассисони тағзия бар ин боваранд, ки вуҷуди сабзиҷот дар суфраи ғизо муҷиби афзоиши майл ба ғизо ва эҷоди нишот дар инсон мешавад.
Сабзиҷот навъҳои гуногун дорад ва ҳар кадоме аз онҳо дорои манофеи хосе аст. Яке аз сабзиҳои тавсияшуда дар ривоёти исломӣ коснӣ ( CICHORIUM INTYBUS) мебошад.
Имом Содиқ (а) косниро бартарин сабзӣ медонад ва Имом Алӣ (а) онро як гиёҳи биҳиштии муаррифӣ мекунад, ки пизишкон дар баррасиҳои илмӣ дар бораи ин гиёҳ хосияти дармонии онро баён кардаанд. Таркиботи маҳлул дар оби коснӣ хосияти оромибахшӣ доранд. Вуҷуди қанд дар коснӣ моддаҳои муфидеро дар бадан афзоиши дода, бактерияҳои беморизои рӯдаро коҳиш медиҳад. Мутолеоти ҷадид дар бораи ин гиёҳ нишон медиҳад, ки бархе таркиботи мавҷуд дар коснӣ дар рафъи мушкилоте, аз қабили саратон ва бемориҳои қалбӣ муассир ҳастанд.
Ҳамчунин, тибқи мутолеоти анҷомшуда дар мавриди ҳайвоноти озмоишгоҳӣ, маводи мавҷуд дар коснӣ метавонад аз саратони рӯда ҷилавгирӣ кунад. Аз дигар фоидаҳои коснӣ ҳифозати ҷигар дар баробари токсинҳои ҷигар мебошад. Ин асар ба хотири вуҷуди моддаҳое бо номи тетрахлориди карбон дар ин гиёҳ аст.
Имом Ризо (а) низ ба фавоиди коснӣ ишора намудаанд. Эшони мефармоянд: "Дар коснӣ шифои ҳазор дард аст. Дарде дар даруни инсон нест, магар он ки коснӣ онро бартараф мекунад".
Пизишкони мусалмони имрӯза ин сухани гаронқадри Имом Ризо (а) -ро мутобиқ бо дастуроти илмӣ донистаанд. Онҳо мегӯянд, манзури эшон аз дарди дарун, мушкилоти ҷигар аст ва коснӣ барои ҷигар чун иксири муъҷизагар амал мекунад.
Имом Ризо ҳамчунин дар бораи хосияти дигари коснӣ мефармояд, сабзии коснӣ бихӯред, чаро ки он мол ва фарзандро зиёд мекунад ва ҳар кас, ки дӯст дорад, молу фарзандаш зиёд шавад, ба хӯрдани коснӣ идома бидиҳад. Аммо бояд донист, ки осори коснӣ дар ибтидо масрафи заиф ва ғайриэҳсосӣ аст ва ба ҳамин ҷиҳат бояд ба масрафи он мудовимат дошт, то бо мурури айём осори шифобахши он зоҳир гардад.
Муҳаммад бинни Исмоил мегӯяд: "Рӯзе Имом Ризо (а) баъзе аз мулозимонро, ки таб ва сардард доштанд, даъват карданд. Он ҳазрат дастур доданд, барги косниро кӯбида, сипас бар рӯй коғаз қарор доданд ва равғани бунафша ба он рехта, бар сари бемор гузоштанд. Сипас фармуданд: бидонед, табро решакан ва дарди сарро аз байн мебарад».
Яке дигар аз сабзиҳои муфиду муассир барои саломатии инсон сир, яке аз гиёҳони муассир дар наҳваи фаъолияти қалб ва таъсир бар рагҳои сар аст, ки аз он ба унвони яке аз дармонҳои фишори болои хун ёд шудааст, зеро метавонад ритми қалбро танзим кунад ва фишори хунро коҳиш диҳад. Суфориши Имом Ризо (а) барои масрафи ин гиёҳ риояти эътидол аст. Он ҳазрат мефармоянд, дар фасли баҳор пиёзу сир низ набояд хӯрд, зеро аз ҷумлаи хосияти ин ду гиёҳ он аст, ки фишори хунро поин меоварад ва маълум аст, ки бо ҳаяҷони хун ба ҳеҷ ваҷҳ салоҳият надорад. Масрафи ин ду гиёҳ хобро бештар аз ҳадди лузум зиёд карда, муҷиби беназмӣ ва халал мегардад.