Зардолу меваи тиллоӣ
(last modified Thu, 22 Jun 2017 07:27:19 GMT )
Июн 22, 2017 12:27 Asia/Dushanbe
  • Зардолу меваи тиллоӣ

Зардолу манбаъи ғании бетокаротен аст.

Ҳамчунин барои тақвияти биноии чашм, ҷилавгирӣ аз бурузи бемориҳои қалбӣ ва "оби марворид" таъсирбахш аст.

 Мутолиот нишон медиҳад, ки  истифода аз зардолу боиси ҳифзи қанди хун дар миқдори табиӣ ва коҳиши глистроли хун мешавад. Моддае ки дар зардолу мавҷуд аст аз бемориҳои рӯда ҷилавгирӣ мекунад.

Баргаи зардолу саршор аз петосим  аст. Масрафи маводи ғанӣ аз петосим боиси танзими фишори хун мешавад.

Зардолуи расида ба иллати доро будани витаминҳои гурӯҳи B барои дармони бемориҳои асабӣ ва рӯҳӣ ва ғайра муфид аст.

Мева ва таркиби зардолуи ширин  ба иллати доро будан ва ба иллати доштани оҳан дар хунсозӣ муассир аст. Барои тақвияти бадан, рафъи халал дар рушди кӯдакон, ҷилавгирӣ аз хунрезии милки дандон фоида дорад.

Дар мавриди истифодаи зардолу

Аз ҳад зиёд набояд истифода шавад. Зеро масрафи зиёди он ҳазми маводи ғазоиро халалдор мекунад ва дучори исҳол (шикамравӣ) мегардад.

Шахсоне ки нороҳатӣ доранд бояд аз зиёд хӯрдани зардолу парҳез кунанд.

Мағзи талхи зардолу маводи  заҳрнок ба номи кислотаи сияндрик ва кислотаи прасик дорад.  Хӯрдани мағзи талхи зардолу хатарнок аст.

Истифодаи зиёди зардолу боиси эҷоди лаккаҳои сафеди пӯстӣ мегардад.

Хосиятҳои дармонии  мағз ва барги зардолу

 Мағзи зардолу аз назари тибби қадими Эрон гарм ва хушк ва барг ва гули он сарду хушк аст.

Агарчанд қатрае аз рӯғани мағзи онро дар гӯш бичаконанд садоҳои гӯшро аз байн бурда ва сангинии гӯшро дармон мекунад.

Рӯғани мағзи зардолу барои нарм кардани пӯст муфид аст.

Рӯғани талхи мағзи он варами меъдаро аз байн бурда ва санги масонаро хурд мекунад.

Барои таскини дарди гӯш, чанд қатра аз дамкардаи барги зардолуро дар гӯш чаконидан муфид аст.