Хавоси анҷир
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i19818-Хавоси_анҷир
Анҷир мевае муқавӣ ва ширин аст, ки дар Қуръон ба он қасам хурда шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 10, 2017 06:05 Asia/Dushanbe
  • Хавоси анҷир

Анҷир мевае муқавӣ ва ширин аст, ки дар Қуръон ба он қасам хурда шудааст.

Номи арабии он "тин" мебошад.

Анҷир мевае аст муборак, зеро номаш дар Қуръон омада ва ҳатто ба он қасам ёд шудааст ва каломи илоҳӣ худ сиҳае аст бар ин гуфтор, ки анҷир арзиши ғизоӣ ва доруии зиёде дорад.

Ин мева ба фармудаи ҳазрати расул (с) мевае аст аз биҳишт. Ҳамчунин имом Ризо (а) мефармоянд: Дарахти анҷир шабеҳтарин гиёҳон ба гиёҳони биҳиштӣ аст.  

Ҳазрати Алӣ (а) мефармоянд, хурдани анҷир бар шумо лозим аст, зеро барои қуланҷ судманд аст. Дар ҳадисе аз имом Муҳаммади Боқир (а) омадааст, ки фармуд: Бар ҷигари "ҳизқил"-и паёмбар захме зоҳир шуд, ки ӯро озор медод. Худованд ба ӯ ваҳй кард, ки шираи анҷирро бигир ва бар сина худ бимол. Вай низ ин корро анҷом дод ва беҳбуд ёфт.

Имом Ризо (а) ҳамчунин мефармоянд: "Анҷир рутубати баданро аз байн мебарад ва устухонро муҳкам карда ва муро бар бадан мерӯёнад ва дардро аз байн мебарад".

Анҷир барои бартараф кардани варам ва таваррумҳои мухталиф, шикамдард, барои дармони исҳолҳои сода ва хунрезиҳои мухталиф мавриди истифода қарор мегирад. Ва аз шираи он барои дармони зигил бакор гирифта мешавад. Имом Ризо (а) фармуданд:   "бо будани анҷир дигар эҳтиёҷ ба дору нест".

Анҷир қанди зиёде дорад. Ҳамчунин манбаъи хубе аз потасиюм, манйезиюм, калсиюм, фосфор ва витаминҳои A, B, C аст.  

Дар китоби Васоил Ашшиъа, ҷилди 17, саҳфаи 133 омодааст, ки Имом Ризо (а) фармуд:  "Анҷир буи бади даҳонро бартараф, устухонҳоро муҳкам, рӯиши муро зиёд, бемориро  бартараф мекунад".

Имом Ризо (а) мефармоянд: "анҷир бихуред, ки барои дафъи қуланҷ муфид аст", анҷир ба хусус анҷири хушки хисонда дар об ё шир, муассиртарин дармон барои рафъи юбусат аст. Анҷир барои онҳое, ки қанди хунашон поин меояд ва як дафъа эҳсоси заъф мекунанд, муносиб аст, зеро қанди он басуръат дар рӯдаи кӯчак ҷазб мешавад.

Ҳазми анҷир осон аст ва масрафи он барои бачаҳо ва ашхосе, ки аз бистари беморӣ бархостаанд ва давраи ниқоҳатро мегузаронанд, бисёр муфид аст. Анҷир баиллати доро будани донаҳои рез, боиси тақвияти меъда ва рӯда мешавад, вале барои ҷигарҳои заъиф зиёновар аст. Саршор будани анҷир аз потасиюм, таъминкунандаи саломатии кӯдакони заъиф ва камхун ва беиштиҳост. Агар анҷир ва асалро батаври мусовӣ боҳам махлут намоед ва бихуред, ҷиҳати захми меъда бисёр муфид аст. Анҷир баиллати доштани потасиюм, дар дафъи мочевина ва чарбии хун бисёр муассир аст. Шарбати анҷир, таскиндиҳандаи дардҳои гулу ва сурфа аст.