Алоэро ба пустатон нарасонед
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i20362-Алоэро_ба_пустатон_нарасонед
Бештарин асари  алоэ   дар обрасонӣ ба пуст аст ва боъиси рутубатрасонӣ  ба пуст ва муйҳо мешавад ва монеъ аз хушкӣ ва осебдидагии  пуст мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 22, 2017 04:33 Asia/Dushanbe
  • Алоэро ба пустатон нарасонед

Бештарин асари  алоэ   дар обрасонӣ ба пуст аст ва боъиси рутубатрасонӣ  ба пуст ва муйҳо мешавад ва монеъ аз хушкӣ ва осебдидагии  пуст мешавад.

Гиёҳи алоэ (дар тибби қадим ба ин гиёҳ "сабри зард" мегуфтанд)   бештар нақши мартубкунанда барои пуст дорад ва ин гуфтаҳо, ки гели  ин гиёҳ барои ҷавонсозӣ асаргузор  аст  ҳақиқат надорад, аммо дар доруе ки барои ҷавонсозӣ истифода мешавад як дозировка  аз усораи алоэ   дар он мавҷуд аст.

Дар китобҳои  қадимӣ  асаре аз алоэ  барои ҷавонсозии пуст қоъил буданд ва мегуфтанд.  Маводе дар алоэ  мавҷуд аст ки монеъи  ожангбандии  пуст мешавад, вале инҳо бештар дар тибби халқӣ   матраҳ аст ва дар тибби навин нақши ин гиёҳ фақат ба унвони мартубкунанда матраҳ аст.

Коршиносон  ҳаргиз ба бемор тавсиаи истифода аз гели ин гиёҳ бар руи пуст намекунанд, зеро як қатор  маводи кимиёи ва унсурҳои дигаре ҳам дар ин гиёҳ аст, ки руи  пуст   эҷоди ҳассосият мекунад.

Алоэе  муфид аст, ки дар корхонаҳо  коркард шуда ва маводи зарарноке,  ки мумкин аст  нороҳатии  пустӣ эҷод кунад аз он ҷудо шуда бошад.