Зарари антенаҳои телефонҳои дастӣ барои саломатӣ
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i20818-Зарари_антенаҳои_телефонҳои_дастӣ_барои_саломатӣ
Дар як таҳқиқ асароти асабӣ-рафтории сокинони атрофи антенаҳои телефонҳои дастӣ ё ҳамроҳ(мобилӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки натиҷаҳо нишон дод амвоҷи электромагнитии фреконсҳои радиоии (RFR) бар руи тавоноии ҳофиза таъсир мегузорад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 31, 2017 08:57 Asia/Dushanbe
  • Зарари антенаҳои телефонҳои дастӣ барои саломатӣ

Дар як таҳқиқ асароти асабӣ-рафтории сокинони атрофи антенаҳои телефонҳои дастӣ ё ҳамроҳ(мобилӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки натиҷаҳо нишон дод амвоҷи электромагнитии фреконсҳои радиоии (RFR) бар руи тавоноии ҳофиза таъсир мегузорад.

Тибқи ин таҳқиқ аз 85 дарсади ашхосе, ки дар маърази  ин мавҷҳо буданд ҳудуди  28 дарсад дучори  тағйири ҳофиза шуданд ва мушкилоти  асабиро  гузориш карданд.

Таҳқиқи дигаре нишон дод  270 мард ва 260 зан, ки  дар фосилаи 100 метрӣ аз ин антенаҳо  зиндагӣ  мекарданд дучори  мушкилоти  ҳофиза  шуда буданд.

Бар асоси  таҳқиқе, ки дар  маҷалаи Уротоксиология  мунташир  шуд мушаххас шуд, ки  23/5 дарсади ашхоси  дар маърази  тобиши  амвоҷи антенҳо  буда ба сардард ва мушкилоти хоб дучор шуда буданд,

21/7 дарсади ашхос аз афсурдагӣ ранҷ мебурданд ва 18/8 дарсад ба саргиҷӣ  мубтало шуданд. Вале  гуруҳе, ки дар маърази  ин амвоҷ қарор нагирифтанд камтар аз ниме аз ин  аломатҳоро доштанд.

Бар асоси таҳқиқи дигар мушаххас шуд, ки ашхоси  бо фосилаи 300 метрӣ аз антенаҳои   мухсуси телефони  дастӣ  ҳкзкр дошта  ба мушкилоте монанди хастагӣ, сардард ва мушкилоти  хоб дучор  шуданд ва ашхосе, ки дар  фосилаи  100 метрӣ аз ин антенаҳо   зиндагӣ мекарданд  илова бар  мушкилоти  ҳофиза ба мушкилоте монанди таҳрикпазирӣ, афсурдагӣ ва саргиҷӣ  мубтало  шуданд.

Ҳамчунин мушаххас шуд мушкилоте монанди сардард, ҳолати дилбеҳузурӣ, коҳиши иштиҳо, мушкилоти хоб, афсурдагӣ, халалдоршавии   биноӣ ва эҳсоси нороҳатӣ дар занон  бештар  буд.

Ба гуфтаи Созмони  беҳдошти ҷаҳонӣ бархе ашхос аз бемории  афзоиши  ҳассосият ба  амвоҷи   электромагнитӣ  ранҷ мебаранд. Бинобар тавсияи Созмони беҳдошти  ҷаҳонӣ ин гуруҳ аз ашхос бояд кор ва зиндагии худро дар наздикии ин минтақаҳо раҳо кунанд ва маҳалли сукунати худро  тағйир диҳанд.

Сурх шудани  пуст, сузан-сузан шудани(гиз-гиз кардан) по ва сузиши он, хастагӣ, надоштани  тавоноӣ дар тамаркузи зеҳнӣ, саргиҷӣ, ҳолати  дилбеҳузурӣ , таппиши  қалб ва ихтилолоти гуворишӣ  аз ҷумлаи зарарҳои ин антенаҳо аст.

Ба гуфтаи  идораи  ғизо ва дору, амвоҷи электромагнитӣ  бо бархе дастгоҳҳои пизишкӣ тадохул пайдо мекунанд, масалан  гузориш дода шудааст дастгоҳе, ки барои  танзими  зарабони  қалб дар қафасаи  сина кор гузошта мешавад дар асари  тадохул бо  амвоҷи  электромагнитӣ дучори мушкил мешавад.

Аз ин ру  ба беморони қалбӣ тавсия мешавад аз гузоштани  телефони ҳамроҳ дар наздикии қафасаи  синаи худ мисли кисаи  пероҳан  худдорӣ кунанд.

Нигаронӣ дар бораи  саратон дар асари интишори амвоҷи  электромагнитӣ вуҷуд дорад, зеро коршиносон муътақиданд энергияи ин амвоҷ ба ҳадде  қавӣ ҳастанд, ки метавонанд DNA  ҳуҷайраҳоро вайрон  кунанд ва  мунҷар ба саратон шаванд. Илова бар ин метавонанд мунҷар ба  вайроншавӣ  ва осеби бофтҳои инсонӣ шаванд.

Мутолиае тавассуи  доктор Брюс Хокинг     дар Астралия анҷом шуд. Ин таҳқиқ бар руйи гуруҳе аз кудакон, ки  дар наздикии антенаҳои   амвоҷи  электромагнитӣ буданд, анҷом  гирифт. Натиҷаҳои ин  мутолиа  баёнгари  он буд, ки  мизони  саратони хун  дар кудаконе, ки наздики ин антенаҳо зиндагӣ мекарданд ду баробари  кудаконе буд, ки  дар наздикии антенаҳо  набуданд.

Мутолиоти  анҷом гирифта баёнгари   осеби  DNA   ва зарари   бархоста аз антенаҳои  телефони ҳамроҳ мебошад. Ин мутолиот иртиботи  амвоҷи ин антенаҳо бо бемориҳое монанди саратон,  варами  мағзӣ, фаромушхотирӣ  ва афсурдагиро низ  баён медорад.