Нони гармро фаврӣ дар халтаҳои селофанӣ нагузоред
Гузоштани нон билофосила пас аз пухта шудан дохили халтаи селофанӣ дуруст нест, зеро боиси хамир шудани он мешавад ва рутубати заминаиро барои рушди бактерияҳо ва қорчҳо фароҳам мекунад.
Гузоштани чандин нони ҷуш руйи ҳам пусидагиро ба вуҷуд меоварад ва масрафи он муҷиби бемориҳои системаи ҳозима мешавад.
Гуфтанист қарор додани нон дар яхдон баёт шуданро суръат мебахшад ва беҳтари маҳалли нигаҳдории нон барои муддати нисбатан тулонӣ фризер ва беҳтарин равиши гарм кардани он истифода аз "тостер" ё ба истилоҳ духовкаҳои камҳарорат аст.
Гуфтанист муддати истифода аз нонҳо ҳадди аксар 2 рӯз аст ва беш аз он моддаҳои заҳрнок ба вуҷуд меояд, ки боиси таҳдиди саломатии Шумо мешавад.Пизишкон ҳамчунин ба ашхос тавсия мекунанд, то дар ҳар навбат онро ба миқдори кам ва бар асоси ниёзҳои рӯзонаашон онро харидорӣ кунанд, то ҳар дафъа беҳтарин навъи онро истеъмол намоянд.