Август 15, 2017 12:45 Asia/Dushanbe
  • Замони вижаи варзиши кормандон

Пажуҳишгарон анҷоми варзиш дар бегоҳирӯзиро барои кормандони бисёр муфид медонанд, зеро метавонанд энержии(неру) фаровоне барои ҳалли мушкилоти корӣ дар рӯзи баъдӣ барои онҳо эҷод кунад.

 Пажуҳишгарон  дарёфтаанд, ки инсонҳо  барои омода  шудан ба ҷиҳати доштани як рӯзи серташвиши  корӣ ва ё  эҳсосӣ  бояд аз қабл  омодагӣ дошта бошанд .

Гуфтанист   бар асоси ҷадидтарин таҳқиқоти суратгирифтаи варзишӣ  пас аз анҷоми кори рӯзона ҳамин тавр хоби кофӣ ва ба андоза метавонад муқовимати баданро дар муқобили фаъолиятҳои  зиёд  ва стресс  афзоиш диҳад.

Баррасиҳо  нишон медиҳад  варзиш  боиси беҳбуди хулқу  ху  ва афзоиши баҳраравӣ(коршоямӣ) дар ашхос  мешавад ва хоби кофӣ  низ сабаби захираи энержии мавриди ниёзи бадан мешавад .

 Пажуҳишгарон ба ашхос анҷоми таркибе  аз фаъолиятҳои физикӣ  шомили варзиш ва истироҳатро барои саломатии  руҳу   ҷисми ашхос бисёр муфид медонанд .

Пизишкон  ба вижа  анҷоми варзиш дар поёни рӯз ва хоби кофӣ ва  ба андозаро ба кормандон  ба таври ҷиддӣ  тавсия   мекунанд .

 Пажуҳишгарон ин натиҷаҳоро бо таҳқиқ бар рӯй 144 шахси корманд ва баррасии осор ва натиҷаҳои иҷрои  ин озмоиш бар руи  фаъолияти корӣ ва саломатии онҳо ба даст овардаанд.

Барчасп