Омехтаи асал ва дорчин бо вазнамон чӣ мекунад?
Омехтаи асал ва дорчин метавонад вазнамонро ба таври муназзами коҳиш диҳад.
Бархе аз муҳаққиқон ба ин натиҷа расиданд , ашхосе ки вазни изофӣ доранд ба далели сухту сози номуносиби глюкоза наметавонанд ба осонӣ вазни худро кам кунанд . Мушаххас шуда аст афроде, ки ба муддати як моҳ аз омехтаи асал ва дорчин ба нисбати ду ба як истифода кардаанд , тавонистаанд муқовимати бадании худ ба инсулинро коҳиш диҳанд ва бадан дар робита бо сухти равғанҳо вокуниши беҳтаре пайдо мекунад.
Ин омехта барои онҳое,ки бемории қанд доранд зарарнок нест, аммо бо пизишки худ дар ин замина машварат кунанд бисёр муносиб аст .
Ин омехта беҳтар аст қабл аз хоб ва дар субҳ истеъмол шавад . Барои таёр кардани ин омехта дорчинро ба оби ҷуш изофа карда баъд аз ним соъат, ки об каме ширгарм шуд , асалро ба он изофа кунед ва бихуред, то ба осонӣ вазн кам кунед.