Чаро бояд ғизоҳои омодаро ором бихурем?
Пажуҳишгарон дарёфтаанд ки тунд ва ё кунд хурдани ғизоҳои омода ё тезтаёр(фастфуд ё хот-дог) аз қабили сендвич ё гамбургер метавонад боиси тағирот дар танзими гармони бадан ва эҷоди алоқаи ғайритабиӣ ва иштиҳои зиёд ба хурдани ин навъ маводи ғизоӣ шавад.
Пажуҳишгарон дарёфтаанд, ки саросема хӯрдани ғизоҳои шомили фастфуд метавонад дар навҷавонон одати бади ғизохурӣ ва изофавазнӣ эҷод намояд .
Гуфтанӣ аст пизишкон бо анҷоми озмоиш бар рӯй навҷавонон ва танзими замони дарёфтаанд, ки навҷавононе, ки дар як фосилаи замонии кутоҳ хеле саросема монанди питсса,гамбургер ва ё картошкаи бирёнкарда хурдаанд бештар аз дигар ашхос, ки кундтар ғизо хурдаанд ба масрафи дубораи фастфуд дар як марҳилаи замонии кутоҳ алоқа нишон додаанд.
Пизишкон иллати ин амрро дар амалкарди хоси қисмати подошдиҳии мағз ва таъсири мазаҳои мухталиф бар эҳсоси чашиданӣ ва ирсоли сигналҳои хос ба мағз медонанд .
Ин навҷавонони ҳатто дар як навбати ғизоӣ ба далели тунд хурдан метавонанд, то чандин навъи фастфуди мухталифро масраф кунанд, ки ба ин тартиб дар маърази диабет ва бисёре аз бемориҳои дигар қарор мегирад .
Пизишкон ин мутолиаро дар нисбати 2541 нафар дар радаи синни 15 то 23 сол ба дасти овардаанд. Пизишкон дар хусуси назорати бештар бар режими ғизоии навҷавонон тавассути волидайни онҳо таъкид доранд.