Далели бисёре аз бемориҳои уфунӣ дар кудакон
Бисёре аз бемориҳои уфунӣ(сирояткунанда) дар кудакон монанди шикамдард ва дарунравӣ ва шамолхурдагӣ,чирки гулу ва шуш дар мавридҳои зиёд ба далели шуруи зудҳангом ва қабл аз шашмоҳагии ғизоҳои иловагӣ аст.
Тағзия бо шири модар аз муҳимтарин ниёзҳои кудак дар аввали зиндагӣ аст, ки ба ҳеч унвон набояд мавриди ғафлат воқеъ шавад.
Мутаасифона бархе аз иқдомот монанди додани бархе аз маводи ғизоӣ дар моҳҳои аввали зиндагии навзод , муҷиби бурузи мушкилот ва нохушии қобили таваҷҷуҳ дар кудак мешавад. Албатта мумкин аст пас аз шашмоҳагӣ шири модар натавонад ба танҳоӣ ниёзҳои кудакро фароҳам кунад, ки дар ин сурат метавон аз ғизоҳои кумакӣ он ҳам ба сурати оҳиста-оҳиста истифода кард .
Тағзияи кудак дар шашмоҳаи аввали зиндаги бисёр муҳим аст ва дар сурате ки дар хусуси он ғафлат ва кутоҳӣ шавад , ҷуброни зарарҳои он бисёр душвор хоҳад буд ва мумкин аст бархе аз мушкилот то солҳо боқӣ монда ва муҷиби бурузи нобасомониҳои мухталиф барои инсон шавад.