Aсароти омехтаи асал ва лимӯ бар бадан
(last modified Sat, 02 Sep 2017 06:08:20 GMT )
Сентябр 02, 2017 11:08 Asia/Dushanbe
  • Aсароти омехтаи  асал ва лимӯ бар бадан

Донишмандон дарёфтаанд омехтаи асал ва лимӯ ё лимон дар ҳақиқат танҳо бадан,ҳалқ ва гулуи ашхосро гарм мекунад ва муҷиб мешавад то аломатҳои беморӣ қобили таҳаммултар шавад, аммо бар дармон таъсир надорад.

 Пажӯҳишгарон ба тозагӣ  дарёфтаанд, ки таркиби асал ва лимон ,ки ба унвони як нӯшидании гарм барои дармони шамолхурдагӣ, сурфа ва гулудард ба кор  меравад  танҳо омили дармоние, ки дар худ дорад вуҷуди  гармо аст вагарна  таъсири дигаре  барои дармони беморӣ дар инсонҳо надорад.

Пизишкон  дарёфтаанд, ки нушиданиҳои ҷушу доғ , бухор ва гармо  метавонади илтиҳоб дар атрофи торҳои савтии гулуро таскин  диҳад ва ҳамин тавр  таъми лимон  метавонад як эҳсоси қавӣ аз тандурустӣ дар инсонҳо эҷод кунад.Аммо  ба таври куллӣ  омехтаи  асал ва лимон ба ҷуз  гармо  хосияти дигаре барои дармони шамолхурдагӣ дар ашхос надорад.

Пизишкон ин натоиҷро бо анҷоми озмоиш ба сурати додани асал бо  таъмҳоии мухталиф ба кудакони сармохӯрда ва баррасии аломатҳои онҳо бавижа шаб дар ҳангоми хоб ба даст овардаанд.