Хосиятҳои равғани зайтун
Рағани зайтун дорои навъе аз тезоб аст, ки он боиси дарозумрӣ ва коҳиши бемориҳое мешавад, ки бар асари истифодаи равғани ғализ ба вуҷуд меоянд.
Имом Ризо (a) ба хосиятҳои равғани зайтун чунин ишора намуда:
Боиси накӯии ахлоқ ва аз байни бурдани ғаму ғусса мешавад. Он ғизои хубе аст, ки даҳонро хушбӯ ва балғамро бартараф месозад, ҷеҳраро сафо ва тароват мебахшад, аъсобро тақвият карда, беморӣ, дарду заъфро аз миён мебарад ва дарди пайвандҳои мӯшакҳоро бартараф менамояд; оташи хашмро фурӯ менишонад.
Ҷилавгирӣ аз кафидани лабҳо. Имом Ризо (a) ҳамчунин мефармоянд: ҳар касе мехоҳад, лабҳояш накафанд, ба лабҳои худ равғани зайтун бимолад.
Дармони бодҳои бадан. Эшон дар ривояти дигаре мефармоянд: агар касе мехоҳад дучори бодҳои сард нашавад, бадани худро равғани зайтун бимолад.
Дигар хосиятиҳои муфиди истифодаи равғани зайтун
Равғани зайтун баръакси равғанҳои ғализу шахшуда фоидаҳои зиёде барои саломатӣ дорад:
- саломатии рагҳоро таъмин мекунад;
- монеи осеб расондани радикалҳои озоде мешавад, ки дар системаи дил аз чарбиҳову равғанҳо ба вуҷуд омадаанд;
- хелостерини хун, бахусус навъи бади он, LDL-ро коҳиш медиҳад, бидуни ин ки навъи хуби он, яъне HDL коҳиш пайдо кунад;
- монеи тамоили лейкотситҳои девори рагҳо шуда, дар натиҷа, танг шудани рангҳоро пешгирӣ менамояд;
- ба иллати чарбии MUFA доштан боиси васеъ шудани шоҳрагҳо мешавад, ки аз ин тариқ ба коҳиши фишори хун ва бемориҳои дил сабаб гашта, баданро аз садамаи радикалҳои озод ҳифз мекунад. Бад-ин тартиб он боиси коҳиши гирифторӣ ба навъҳои гуногуни саратон, хусусан саратони пӯст, рӯда ва саратони пистон дар занон мешавад.
- боиси коҳиши лаъл бастани хун мешавад;
- фишори баланди хунро коҳиш медиҳад;
- боиси тақвияти милки дандон гашта, хунравии милки дандонро шифо мебахшад;
- ҳофизаро тақвият мебахшад;
- сафед шудани мӯйро пешгирӣ менамояд;
- дарди тарбодро таскин мебахшад.
P S: Ин равған бояд дар маконҳои торику сард нигаҳдорӣ шавад.