Бо ҷурғот чарбиҳои изофиро бисузонед
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i22602-Бо_ҷурғот_чарбиҳои_изофиро_бисузонед
Ин рӯзҳо пизишкони мутахассиси тағзия ба афроди фарбеҳ тавсия мекунанд ҷурғот (мост) бихуред ва бисёре аз афроде, ки вазни зиёд доранд ва мехоҳанд лоғар шаванд ҳатман бояд маводи шириро дар режими ғизоии худ ҷой бидиҳанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 04, 2017 13:38 Asia/Dushanbe
  • Бо ҷурғот чарбиҳои изофиро бисузонед

Ин рӯзҳо пизишкони мутахассиси тағзия ба афроди фарбеҳ тавсия мекунанд ҷурғот (мост) бихуред ва бисёре аз афроде, ки вазни зиёд доранд ва мехоҳанд лоғар шаванд ҳатман бояд маводи шириро дар режими ғизоии худ ҷой бидиҳанд.

Касби калсии кофӣ дар режими ғизоӣ боис мешавад бадан чарбии бештаре бисузонад ва миқдори чарбиро, ки бадан месозад, коҳиш  диҳад.

Аз онҷое ки  афрод  қасд доранд  чарбӣ аз даст бидиҳанд  на  гушти бадан , пас режими   ғанӣ аз ғизоҳои ширии  камравған метавонад бо сузондани чарбиҳои  изофаи бадан сабаби коҳиши вазн шавад . Ҳамакнун муҳаққиқони зиёде    руйи фоидаҳои муассири   ҷурғот ва асароти беназир дар режими ғизоӣ  ва кам кардани вазн кор мекунанд ва ёфтаҳо нишон медиҳад, ки ҷурғот дорои    арзиши ғизоии болое аст ва ҷурғот як чошнии пурхосияти   доруӣ  низ ба ҳисоб меояд, ки   таъсири зиёд  руй лоғар шудан   дорад; пас  агар шир намехуред ҳатман     ҷурғот  бихуред   то лоғар шавед   ва аз пукии   устухон пешгирӣ кунед.