Дар ин соъат субҳона бихуред!
Пажуҳишгарон дарёфтаанд ки ҳатто соъати хурдани субҳона метавонанд дар асарбахш будани ё набудани он барои саломатии бадан бисёр таъсиргузор бошад.
Пажуҳишгарон бо анҷоми озмоиш бар руи гуруҳе аз занони довталаб дарёфтаанд, бонувоне,ки субҳонаи қавиву комил ва шоми сабукро дар барномаи режими ғизоии худ қарор додаанд дар дарозмуддат, вазни мутаодилтар ба нисбати ашхосе ки субҳонаи сабук ва шоми зиёд мехуранд ба даст овардаанд.
Пажуҳишгарон дарёфтаанд ки хурдани субҳонаи комил ва солим боиси коҳиши триглисеридҳои хун ё чарбиҳои мавҷуд дар хун, ки боиси бемории қалбӣ аст , мешавад .
Пажуҳишгарон ҳамчунин дарёфтаанд ки хурдани субҳона то пеш аз соъати 9-ҳи субҳ муфидтарин асарро бар саломатии бадан мегузорад ва дар иваз баъд аз соъати 9-ҳи субҳ метавонад асарбахшии кам бар саломатии бадан дошта бошад.
Пизишкон вижагии хоси хурдани субҳона дар ин замонро сузондани чарбиҳои бадан ба таври комил ва дар натиҷа пешгирӣ аз бурузи фарбеҳӣ ва изофавазнӣ медонанд.