Сентябр 16, 2017 09:31 Asia/Dushanbe
  • Рангдармонӣ ва хосияти рангҳо дар каломи имомон (а)

Рангҳо метавонанд аз роҳҳои гуногун бар рӯҳ, ҷисм ва равони одамӣ таъсир бигузоранд. Ранги либос, ранги ғизо, ранги кафш, ранги манзараҳои табиат ва ғайра аз ин ҷумлаанд, ки дар тибби исломӣ ба онҳо ишора шудааст.

Дониши рӯз барои рангдармонӣ ҳисоби вижае боз кардааст.

Дар тибби исломӣ эътиқод бар ин аст, ки ҳар як аз рангҳо дорои гуруҳбандии хос аст, ки бо радифе аз тӯли мавҷҳо иртибот дорад.

Дар ривоёт омада аст, ки Паёмбар (с) ва имомони маъсум (а), ба вижа дар оғози таваллуд ба навъи либоси кӯдак аҳамияти фаровон медоданд. Таъкид бар пӯшонидани либоси сафед бар кӯдак ва наҳй аз пӯшонидани либоси зард бар ӯ, дар сира, ҳикоят аз аҳамият ва таъсири ранги либос бар кӯдак дорад.

Аз Имом Ризо (а) ривоят шудааст, бӯи хуш, асал, саворагӣ ва нигоҳ ба манзараҳои сарсабз ва хуррам, боиси нишот ва шодӣ мешавад.

Имрӯз низ аз ранги сабз барои дармони бемориҳои асаб ва ихтилолоти равонӣ истифода мешавад ва донишмандон онро хунуккунанда, муътадилкунандаи нури хуршед ва таскиндиҳанда тавсиф кардаанд. Ранги сабз дар системаи асабӣ барои бехобиҳо ва хастагиҳо муассир аст. Фишори хунро кам мекунад ва мӯйрагҳоро мунбасит месозад.

 

Барчасп