Сентябр 19, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳои дармонии бодом

Бодом дорои ду навъи аслӣ, ширин ва талх мебошад.

Мағзи бодоми ширин таъми мулоим ва хушмазза дошта, ба осонӣ аз бодоми талх фарқ карда мешавад. Дигар қисматҳои дарахти бодоми ширин, монанди шукӯфа, барг ва меваи он давобахш мебошанд. Ривоёти мутааддиде дар каломи имомон дар бораи хосиятҳои бодом гуфта шудааст,  ки дар ин матлаб ба як мавриди он ишора шудааст.

Имом Ризо дар бораи хосиятҳои бодом мефармоянд: бодоми мӯҷиби тақвияти ҳофиза ва дардҳои синаву шикам мешавад ва сулфаи хушкро даво мебахшад.

Тавсияҳои тибби суннатӣ

Бодом хӯрдании қавӣ буда, равғани он зидди гирифтагӣ аст, махсусан аз равғани бодом метавон барои рафъи  гирифтагии кӯдакон истифода кард.

 Бодоми синаро нарм мекунад.

Шираи бодом барои рафъи сулфа, гулӯдард муфид буда, хилтовар аст.

Бодом барои дармони захми рӯда, масона ва шикамдард муфид аст.

Бодоми бирёнкардашуда қавикунандаи меъда аст .

Бодом тақвияткунандаи нерӯи ҷинсӣ буда, маниро зиёд мекунад.

Бодомро осиёб карда, бо асал махлут кунед, барои дарди ҷигару сулфа муфид аст.

 Пӯсти бодом милку решаи дандонро тақвият мекунад.

Пӯсти бодом барои хушк шудани даҳон муфид аст.

 Аз шукӯфаи бодом чой карда нӯшед ва ба унвони дору барои кӯдакон истифода намоед.

 Аз пӯсти қаҳваранги мағзи бодом чой кардан беҳтарин дору барои таскини дарду варами роҳҳои нафас аст.

  Барги ҷӯшонидашудаи бодом барои норасоии ҷигар ва талха муфид аст.

 Равғани бодом хобовар аст ва бехуниро аз байн мебарад.

 Барои соф кардан сина, нарм шудани рӯдаҳо ва аз байни бурдани сулфаи хушк бояд равғани бодомро бо шакар махлут кард бихӯред.

 Равғани бодомро бо оби гарм омехта карда бинӯшед, доруи хубе барои рафъи шикамдарди кӯдакон хоҳад буд. Зимнан ин махлут санги масонаро хориҷ карда, пешоб карданро осон мекунад.

 Барои дармони ниқрис ва рафъи хамидапӯштии пирон  муҳраҳои пуштро равғани бодом  бимолед.

 Барги тозаи дарахти бодом поккунанди меъда ва рӯда буда, маҳвкунандаи кирми даруни инсон аст.

 Барг хушкшудаи дарахти бодом  шикамдардро аз байн мебарад.

 Рағани бодоми ширин ба далели хосияти нармкунӣ ва зиддиварамкунӣ доштан дар кермҳо ба кор меравад.

 Барои рафъи беморҳои сина равғани бодоми ширинро бо асал ва як зардии тухми мурғи махлут кунед, ки ба сурати хамири якнавохт дарояд, сипас ба он оби ҷӯшонидашудаи гули хайриро изофа карда, як қошуқча аз онро ба фосилаи ҳар се соат истеъмол кунед.

Барои рафъи хориши пӯсти бачаҳое, ки сурхак ва  махмалак доранд, равғани бодомро дар тамоми бадани онҳо бимолед, хоришро таскин медиҳад.

 Молидани равғани бодом бар варам онро рафъ карда, ҷойи сӯхтагиро дармон мебахшад.

 Равғани бодом экземаро рафъ мекунад.

Бодом аз назари ин ки маводи ғизонок аст, ғизои бисёр хубест, вале чун сангину душворҳазм мебошад, набояд дар хӯрдани он ифрот кард ва миқдори он набояд дар рӯз беш аз даҳ дона бошад. Бодом ҳамчунин барои меъдаҳои заъифу сард хуб нест ва  ашхосе, ки меъдаи заиф доранд, беҳтар аст, бодомро бо шакар бихӯранд.

 

Барчасп