Таъкиди Аимма (а) бар таъсири эъҷобгӯнаи мавиз
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i24852-Таъкиди_Аимма_(а)_бар_таъсири_эъҷобгӯнаи_мавиз
Ба ҳубаҳои дурушти хушкшудаи ангӯри сиёҳ, "мавиз" гуфта мешавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 23, 2017 13:55 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Аимма (а) бар таъсири эъҷобгӯнаи мавиз

Ба ҳубаҳои дурушти хушкшудаи ангӯри сиёҳ, "мавиз" гуфта мешавад.

Ин узви хушкбор дар воқеъ ҳамон кишмиш аст, ки аз назари шакли зоҳирӣ ва ранг бо кишмишимутафовит, вале аз назари хавос то ҳади зиёде шабеҳи он аст. Маъмулан мавизи  таҳия шуда аз ангӯри қирмизи маҷлисӣ ё ангӯри шоҳонӣ беҳтар аст.

Мавиз бар асари хушк шудан хавоси худро аз даст намедиҳад ва ҳатто асари нерӯбахши он бештар мешавад.

Мавиз саршор аз витаминҳои E, A, B ва имлоҳ монанди колсиюм, фосфор ва потасиюм аст. Мавиз дорои асидҳои чарби эмго 3 ва эмго 4 мебошад.

Беҳтарин ва пурхосияттарин навъи он, мавизи пургушт, камдона ё бедолна аст.

Аиммаи маъсумин (а) суфоришҳои зиёде ба хӯрдани мавиз фармудаанд:

1. Паёмбар (с): Мавиз бихӯред, ки хилтҳои дарунро аз ғилён меандозад, балғамро ором мекунад, асабро қавӣ месозад, ранҷуриро бартараф менамод ва мӯҷиби хуш қалбӣ мегардад.

2. Паёмбар (с): Мавиз бихӯред, ки мӯҷиби хуш хулқӣ мегардад, дилро пок мекунад ва ғаму андуҳро аз байн мебарад.

3. Зарфи сар пӯшида барои Паёмбар (с) оварданд, сарпӯши онро бардошт ва фармуд: Бо номи Худо бихӯред, ки мавиз хӯрдании хубе аст, асабро қавӣ месозад, лоғарии ношӣ аз бемориро зоил мекунад, мӯҷиби фӯрукашии хашм мегардад, сабаби хӯшнудии Худованд мешавад, даҳонро хушбӯ месозад ва ранги хухсорро соф ва рӯшан мегардонад.

4. Имом Алӣ (а): Мавиз, қалбро истеҳком мебахшад, бемориро аз байн мебарад, ҳарорати баданро поин меоварад ва дилро пок мекунад.

5. Имом Содиқ (а): Агар қаҳтӣ ба шумо рӯ кард, худро бо андаке мавиз сер кунед.

6. Паёмбар (с): Ҳар кас бар хӯрдани мавиз дар ҳолати ношто мудовимат дошта бошад, фаҳм, ҳофиза ва зеҳни қавӣ, рӯзиааш мегардад ва аз балғам коста мешавад.

7. Имом Ризо (а):  Ҳар кас мехоҳад ҳофизааш қавӣ гардад, ҳар субҳ дар ҳолати ношто, ҳафт мисқол мавиз бихӯрад.

8. Имом Алӣ (а): Ҳар кас дар ибтидои рӯз, 21 адад мавизи сурх бихӯрад, Худованд ҳар беморӣ ва нохуширо аз ӯ дӯр мекунад.

9. Ҳар кас дар ҳолати ношто, 21  мавизи сурх бихӯрад, ҳеч чиз нохушоянд дар баданаш нахоҳад дид.

10. Хӯрдани 21 адад мавзи сурх дар ҳар субҳ ва дар ҳолати ношто, ҳар бемориро ба ҷӯз бемории марг дӯр мекунад.