Октябр 29, 2017 11:01 Asia/Dushanbe
  • Осори дармонии коҳу дар каломи Имоми ҳаштум (а)

Коҳу яке аз сабзавоти бисёр муфиде аст, ки илова бар хосияти дармонӣ, масрафи ғизоӣ ҳам дорад.

Маншаи он дар Ҳиндустон ва Осиёи марказӣ буда ва дар тибби исломӣ ҳам ҷойгоҳи вижае дорад.

Муҳаққиқон дарёфтаанд, ки хӯрдани мураттаби ин сабзӣ аз бурузи бемориҳои қалбӣ- уруқӣва сакта ҷилавгирӣ мекунад ва аз муассиртарин ва табиитарин дармонҳои камхунӣ аст.

Дар тибби исломӣ коҳу ҷузъи беҳтарин ва муассиртарин омилҳо барои ҳазми ғизо маҳсуб мешавад. Коҳу, ба вижа навъе аз он ки дорои баргҳои зард аст, ғизое зудҳазм аст ва хобу оромиро ба дунбол дорад. Аз ин рӯ ба нақл аз расули Худо (с) омадааст, ки коҳу хобовар ва барои ҳазми ғизо муфид аст.

Коҳу ба иллати доро будани манезиюм дар тавлиди энержӣ, аз манобеи ғизоӣ дарёфт шуда, танзими инқибози селулҳои моҳичаӣ ва қалб, кушод кардани шараёнҳои қалбӣ ва уруқӣ (рагҳо) ва ниҳоятан ширкат дар сохтмони устухонҳо ва дандонҳо ба манзури истеҳкоми онҳо бисёр муфид аст.

Дар миёни сабзиҷот коҳу пур аз намакҳои маъданӣ аст. Масрафи он таъсири аҷоибгунае дар тасфияи хун дорад. Дар ҳамин замина Имом Ризо (а) тавсия фармуданд: "То метавонед коҳу бихуред, зеро коҳу риққати хунро аз байн мебарад ва беҳтар аз сойири сабзиҷот хунро тасфия менамояд. Хобовар ва оромбахш аст. Бинобар ин барои ашхоси асабонӣ ва касоне, ки мубтало ба бехобӣ ҳастанд, муфид аст.

Доштани хуни тамиз ва солим як орзӯи ҳамагонӣ ва қадимии башар аст, зеро аввалин шарти доштани як мизоҷи мутаодил, доро будани як хуни покизаи ғайри фосид аст. Коҳу аз назари тибби қадими Эрон сард ва мартуб аст ва дар ривоёти исломӣ гиёҳе бисёр муфид шинохта шуда ва муҳимтарин хосияти онро соф кардани хун ва низ эҷоди хунҳои  тоза баён фармудаанд.

Коршиносон дар бораи коҳу муътақиданд, ки мағзҳои хастаро таскин медиҳад ва меъдаҳои танбалро тақвият менамояд. Ҷигарҳои беморро муолиҷа мекунад ва ремотизмро илоҷ мекунад. Дар ривояти дигар Имом Ризо (а) дар таъйиди хосиятҳои аҷиби коҳу мефармоянд: " Беҳтарини сабзиҷот коҳу ва коснӣ аст".

 

Барчасп