Ноябр 15, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи ҷолибе Имом Ризо(а) дар мавриди масрафи ангӯр

Дар саҳифаи имом Ризо (а) ба нақл аз аз ҳазрати Алӣ (а) ва аз пайғамбар (с) омада, ки фармуд: Ангӯрро дона-дона бихуред, ки гуворотар ва ҳамзшавандатар аст.

Имом Ризо аз амири муъминон (а) нақл кардааст: Ҳазраташ ангӯрро бо нон майл мекард.

Аз он ҳазрат: Ангӯр ҳам ғизост ва ҳам чошнӣ ва ҳам ширинӣ ва ҳам мева.

Ҳазрати Ризо алайҳиссалом фармуд: Ҳазрати Зайнулъобидин ангӯрро сахт дӯст медошт, канизе барояш хушае ангӯр овард ва пешаш ниҳод, соиле (фақире) расид, ҳазрат фармуд, ки ангӯрро ба вай доданд, ғулом ин сухан ба модари худ (гуё канизи ҳазрат буда" расонид, вай дастур дод, то ғулом ангӯрро аз соил харид ва хидмати имом (а) ниҳод: Соиле дигар омад ва имом ангӯрро ба соил дод то се бор. Дар дафъаи чаҳорум майл фармуд.

Барчасп