Ноябр 21, 2017 11:07 Asia/Dushanbe
  • Истеъмоли чой, асал ва грейпфрут барои дармони зуком муфид аст

Истеъмоли чой, асал ва меваи грейпфрут (меваи монанд ба афлесун) барои дармони зуком(грипп) муфид аст .

Истироҳати кофӣ ва нушидани моеъот низ дар дармони зуком ё шамолхурдагӣ таъсир дорад.

 Зуком як бемории вирусӣ аст, ки бо гузашти замон омили вирусии он дучори тағирот мешавад ва боиси аломатҳои беморӣ мешавад. Вируси зуком боиси бемории хатарноки роҳҳои нафаскашӣ мешавад ва нишонаҳои асосии он афзоиши ногаҳонии таб ва дарди шадиди мушакҳо аст.Дарди шикам,миёндард,сустӣ,сардард,сурфа ва гирифтагии овоз низ аз дигар нишонаҳои ин беморӣ аст.

Фасли ривоҷи бемории зуком бештар фасли сарди сол ва роҳҳои интиқоли беморӣ ба воситаи тамоси бевосита ё бавосита бо бемор аст ва истифода аз стакан,пиёла,мисвок, дастмол, саҷоқ ва лавозимоти шахсии бемор боиси сирояти он ба дигарон мешавад.Рубусӣ, даст додан ва тамоси наздик бо бемор боиси интиқоли бемории зуком мешавад ва издиҳоми ҷамъият дар кудакистонҳо, қисмҳои ҳарбӣ ва муҳитҳои пуриздиҳом ба роҳатӣ  вируси зукомро мунтақил мекунад.

Ин беморӣ гоҳе вақтҳо боиси осебҳои шадиди дилу шуш мешавад ва гоҳе вақтҳо уфунати бактериявии баъдӣ низ дар ин афрод боиси бемории ҷиддӣ дар гуши миёна ва роҳҳои нафаскашӣ мегардад.

Ашхоси куҳансол, атфол, ашхосе ки мубтало ба бемориҳои саратонӣ, норасоиҳои диабетӣ,дил,гурда ҳастанд бояд эми зуком карда шаванд. Эми зуком ҳар сол як бор бояд дар фасли тирамоҳ анҷом шавад ва агар шахс зуком дошта бошад ва дучори балғами хунӣ ва ё дарди шадиди гуш ва норасоии нафаскашӣ,тангии нафас ва дарди қафаси сина шуд, бояд зудтар ба пизишк муроҷиат кунад.

Барчасп