Ашхоси дучори зардаҷуш бояд ҷурғотро аз режими ғизоии худ берун кунанд
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i26765-Ашхоси_дучори_зардаҷуш_бояд_ҷурғотро_аз_режими_ғизоии_худ_берун_кунанд
Ашхосе, ки дучори зардаҷуши шадиди меъда ҳастанд, набояд аз ҷурғот(мост) барои истеъмоли роҳаттари ғизои худ истифода кунанд, чаро ки бемории онҳо шиддат меёбад ва наметавон онро ба роҳатӣ дармон кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 13, 2017 06:31 Asia/Dushanbe
  • Ашхоси дучори зардаҷуш бояд ҷурғотро аз режими ғизоии худ берун кунанд

Ашхосе, ки дучори зардаҷуши шадиди меъда ҳастанд, набояд аз ҷурғот(мост) барои истеъмоли роҳаттари ғизои худ истифода кунанд, чаро ки бемории онҳо шиддат меёбад ва наметавон онро ба роҳатӣ дармон кард.

Аслан беҳтар аст ҷурғотро дар омехтагӣ бо ғизо истеъмол кунанд,зеро мост сарду‌ тар ва дорои мухаммирҳо(моддаҳои хамирмоя)и зинда аст, ки дар аъзои ҳозима ҷойгузин шуда, аз рушди микробҳои беморизо ҷилавгирӣ мекунад .

Истеъмоли хурокии ҷурғот ба андозаи муносиб барои тамоми ашхос бисёр муҳим ва ҳатмӣ аст, аммо ашхоси сардмизоҷ бояд камтар аз ин модаи хурокӣ истифода кунанд.

Ашхосе, ки дучори зардаҷуши шадиди меъда ҳастанд ва зеҳну ҳофизаи онҳо коҳиш ёфтааст, набояд аз ҷурғот ва дуғ истифода кунанд ва ё агар онҳо масраф шавад бояд бо гиёҳоне мисли пудина масраф шавад.

Лозим ба ёдоварист ҷурғот яке аз хуроквориҳои муносиб барои ашхосе аст,ки бемории талхадон доранд ва агар онҳо дуғи беравған истеъмол кунанд зудтар шифо меёбанд.