Декабр 17, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Намози аввали вақти ҳазрати Ризо алайҳиссалом

Ҳазрати Ризо алайҳиссалом ба намози аввали вақт бисёр аҳаммият медод, зеро намози аввали вақт рамзи ҳушёрӣ ва диндорӣ ва тавваҷуҳи фарди мусалмон ба Худованд ва маънавиёт аст ва касоне, ки муқид ба намози аввали вақт бошанд, маъмулан аз назари динӣ ва маънавӣ дар рутбаи волое қарор мегиранд.

Дар ҷаласае, ки Умрони Соибӣ, донишманди маъруфи он замон бо ҳазрати Ризо алайҳиссалом ба гуфтугӯ мепардохт ва баҳс ба ҷои ҳассос расида буд, ногоҳ ҳазрати Ризо алайҳиссалом аз ҷой бархост ва ба Маъмун, ки нозир бар ҷаласа буд, фармуд: Вақти намоз аст, Умрон гуфт: қалбам нарм ва омода шудааст (барои пазириши ислом) посухи маро қатъ накун. Ҳазрат фармуд: Намоз мехонам ва бармегардам.

Дар ҳадиси дигаре Иброҳим ибни Мусо мегӯяд: Аз ҳазрати Ризо алайҳссалом дархосте кардам, ки ба ман ваъдаи иҷобат дод, то он, ки рӯзе ҳазрат барои дидори бархе алавиён хориҷ шуд. Дар миёни роҳ вақти намоз шуд, ҳазрат аз маркаб фуруд омад, касе ҷуз ман ва эшон набуд. Ба ман фармуд: азон бигу, арз кардам: сабр кунед, то асҳоб биёянд, фармуд: Худо туро машмули мағфират қарор диҳад, намозро беҷиҳат аз аввали вақт ба охири вақт ба таъхир наандоз, ҳамеша аввали вақт намоз бихон. Ман азон гуфтам ва намоз хондем. Баъд аз намоз арз кардам: Ай писари паёмбар! Муддате аст, аз ваъдаи шумо мегузарад ва ман ниёзмандам, шумо низ гирифторед ва ҳамеша ба шумо дастрасӣ надорам, дар ин ҳангом ҳазрати Ризо алайҳссалом дасти муборак бар замин зад ва шимши тиллоеро даровард ва фармуд: инро бигир, Худованд ба ту баракат диҳад, истифода кун ва ончи дидӣ махфӣ дор.

Он мард гуяд: Он мол чунон баракат дошт, ки бо он ҳафтод ҳазор динор харид кардам ва аз бениёзтарин афрод дар Хуросон шудам.

Манбаъ: Китоби Ҳикояти Офтоб, Саид Муҳаммаднаҷафии Яздӣ, муовинати таблиғот ва иртибототи исломии Остони Қудси Разавӣ

 

Барчасп