Вижагиҳои даҳгонаи оқил
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i27871-Вижагиҳои_даҳгонаи_оқил
Ақли шахси мусулмон тамом нест...
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 03, 2018 09:12 Asia/Dushanbe
  • Вижагиҳои даҳгонаи оқил

Ақли шахси мусулмон тамом нест...

Имом Ризо (a)  мефармоянд: Ақли шахси мусулмон тамом нест, магар ин ки даҳ хислатро доро бошад: 1- Аз ӯ умеди хайр бошад. 2- Аз бадии ӯ дар амон бошанд. 3-Хайри андаки дигареро бисёр шуморад. 4-Хайри бисёри худро андак шуморад. 5-Ҳар чӣ ҳоҷат аз ӯ хоҳанд дилтанг нашавад. 6-Дар умри худ аз доништалабӣ хаста нашавад. 7-Фақр дар роҳи Худояш аз тавонгарӣ маҳбӯбтар бошад. 8- Хорӣ дар роҳи Худояш аз иззат бо душманаш маҳбӯбтар бошад. 9-Гумномиро аз пурномӣ хоҳонтар бошад. 10- Аҳадеро нангарад ҷӯз ин ки бигӯяд, ӯ аз ман беҳтар ва парҳезкортар аст.

« لا يَتِمُّ عَقْلُ امْرِء مُسْلِم حَتّى تَكُونَ فيهِ عَشْرُ خِصال: أَلْخَيْرُ مِنْهُ مَأمُولٌ. وَ الشَّرُّ مِنْهُ مَأْمُونٌ. يَسْتَكْثِرُ قَليلَ الْخَيْرِ مِنْ غَيْرِهِ، وَ يَسْتَقِلُّ كَثيرَ الْخَيْرِ مِنْ نَفْسِهِ. لا يَسْأَمُ مِنْ طَلَبِ الْحَوائِجِ إِلَيْهِ، وَ لا يَمَلُّ مِنْ طَلَبِ الْعِلْمِ طُولَ دَهْرِهِ. أَلْفَقْرُ فِى اللّهِ أَحَبُّ إِلَيْهِ مِنَ الْغِنى. وَ الذُّلُّ فىِ اللّهِ أَحَبُّ إِلَيْهِ مِنَ الْعِزِّ فى عَدُوِّهِ. وَ الْخُمُولُ أَشْهى إِلَيْهِ مِنَ الشُّهْرَةِ. ثُمَّ قالَ(عليه السلام): أَلْعاشِرَةُ وَ مَا الْعاشِرَةُ؟ قيلَ لَهُ: ما هِىَ؟ قالَ(عليه السلام): لا يَرى أَحَدًا إِلاّ قالَ: هُوَ خَيْرٌ مِنّى وَ أَتْقى ».