Нафси шариф
Апрел 25, 2018 06:51 Asia/Dushanbe
Ибни Саббоғи Моликӣ дар бора Имом Ризо (алайҳиссалом) менависад: «Ҳазрат аз маноқиби воло ва сифоти писандида бархурдор аст. Нафси шарифаш пок, ҳошиминасаб ва аз нажоди поки набавӣ аст.»
Баъд аз ҷараёни вилоятъаҳдӣ, рӯзе Абдуллоҳ ибни Мутраф ибни Ҳомон бар Маъмун ворид шуд. Ҳазрати Ризо (алайҳиссалом) низ дар маҷлис ҳузур дошт. Халифа рӯ ба Абдуллоҳ кард ва гуфт: Дар бораи Абулҳасан Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо чӣ мегӯӣ?
Абдуллоҳ гуфт: «Чӣ бигӯям дар бораи касе, ки тинати ӯ бо об рисолат сиришта шуда ва реша дар гуворои ваҳй давонидааст. Оё аз чунин зоте ҷуз мушки ҳидоят ва анбари тақво метавонад зоҳир шавад?»
Пойгоҳи иттилорасони Остони Қудси Разавӣ
Барчасп