Одоби муоширати имом Ризо алайҳиссалом
(last modified Sun, 06 May 2018 06:17:41 GMT )
Май 06, 2018 11:17 Asia/Dushanbe
  • Одоби муоширати имом Ризо алайҳиссалом

Иброҳим ибни Аббос гуфт: Ҳаргиз надидам, ҳазрати Ризо алайҳиссалом бо сухани худ касеро биранҷонад ва ҳаргиз надидам, сухани касеро қатъ кунад, то ӯ суҳбати худро тамом мекард ва ҳаргиз муҳтоҷеро рад накард ба қадре, ки қудрат дошт.

Ҳаргиз пойҳои худро муқобили касе, ки нишаста буд, дароз намекард ва на такя мекард, дар муқобили касе, ки нишаста буд ва ҳаргиз ғуломони худро носазо намегуфт ва надидам, ки оби даҳон ба замин биандозад ва на ҳаргиз дар мавқеи ханда қаҳқаҳа намезад, хандаи он ҷаноб табассум буд.

Дар хилват суфраҳошро мегустарданд, ғуломони худро ҳатто дарбонҳо ва муҳимтар чаҳорпоёнро бар суфраи хеш менишонд.