Май 12, 2018 09:31 Asia/Dushanbe
  • Имом Ризо (а) ва оростани зоҳир

Ҳасан бини Ҷаҳм гуфт, хидмати Абулҳасан Алӣ бини Мӯсо ар-Ризо (а) расидам, ришашро ранги сиёҳ карда буд.

Муҳаммад бини Валиди Кирмонӣ гуфт, ба ҳазрати Ҷавод, фарзанди Имом Ризо (a) арз кардам, дар бораи мушк чӣ мефармояд, фармуд: "Падарам дастур дода буд, ки бо барги дарахти бон (дарахти муаттаре аст ва аз баргаш барои бӯйи хуш истифода мекунанд) мушке бисозанд ба ҳафтсад дирҳам". Фазл бини Саҳл барояш навишт, ки мардум ин корро айб медонанд. Дар ҷавобаш навишт: "Ту магар намедонӣ, Юсуф бо ин ки паёмбар буд, либосе, ки омехта бо тило буд, ‏ мепӯшид ва рӯйи сандалии тило менишаст?! Ин кор мақоми илм ва дониши ӯро накост. Баъд дастур дод, артдоне барояш бисозанд, ба чаҳор ҳазор дирҳам".

Муаммар бини Холид гуфт, ҳазрати Ризо (а) ба ман дастур дод, барояш рӯғане таҳия кунам, ки дар он мушку анбар бошад, ба ман фармуд: "Оят ал-курсӣ" ва сураи "Фотиҳа" ва ду "қул аъуз" ва ояте, ки барои ҳифз аз шайтон хуб аст, дар коғазе бинависам ва онро байни шиша ва ҷаъбаи он қарор диҳам, ки ин корро кардам. Баъд ки хидматаш расидам, мӯйю сурати худро атрогин мекарду ман тамошо мекардам".

Ҳасан бини Ҷаҳм гуфт, ҳазрати Ризо (a) аз манзил хориҷ шуд, "бӯйи хуше  аз он ҷаноб бихӯр!" ба гӯш расид.

Манбаъ: кофӣ

Барчасп