Тавсияҳои Имом Ризо (а) барои саломатии бадан
(last modified Thu, 02 Aug 2018 05:40:09 GMT )
Август 02, 2018 10:40 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои Имом Ризо (а) барои саломатии бадан

Тавсияҳои Имом Ризо (а) барои саломатии бадан

Имом Ризо (а) барои ҳифзи саломатии бадан аз сармо ва гармо тавсияҳое фармудаанд: Барои пешгирӣ аз гармозадагӣ дар рӯзҳои тобистон, зимни парҳез аз офтоб, хӯрдани як адад хиёр дар рӯз фоидаи фаровоне дорад.

Ҳар кас мехоҳад дар фасли зимистон аз бемории сармохӯрдагӣ дар амон бимонад, ҳамарӯза се қошуқ асал бихӯрад.

Албатта, аз он асале, ки вақте назди бинӣ мегиред, бӯи тундаш шуморо ба атса вомедорад, ё асале, ки одамро дучори беҳолӣ ва сустӣ мекунад. Аммо асале, ки забони одамро месӯзонад, асали хубе нест.

Бинобар тавсияи Имом Ризо (а) аз зиёд хӯрдани тухми мурғ ҳам бояд бипарҳезӣ, зеро ҷигарро аз кори муназзам бозмедорад ва дар сар ва меъда бодҳои зиёновар ба вуҷуд меоварад.