Сентябр 04, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Хӯрдани моҳӣ ва тухми мурғ ҳамзамон бо якдигар мамнӯъ!

Хӯрдани тухми мурғ ва моҳӣ ҳамзамон бо якдигар дар ‌китобҳои мухталиф манъ карда шудааст.

Аз Имом Ризо (a) дар китоби "Тибб-ур-Ризо"  нақл шудааст, ки эшон хӯрдани тухми мурғ ва моҳиро бо ҳам бад унвон карда  мефармояд: «Бояд аз ин парҳез кард, ки... тухми мурғ ва моҳиро ҳамзамон дар меъда гирд оварӣ; ҳар гоҳ ин ду ба якдигар оянд, қуланҷ, боди бавосир ва дандондард ба вуҷуд меояд".

Дар ҳадиси дигаре аз он ҳазрат дар "Уюн-ул-ахбор-ур-Ризо" омадааст, ки ғизои доғ нахӯред, зеро ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: «Барои Паёмбар (с) таом овараданд, ҳазрат ангуште дар он фурӯ бурд ва чун онро сахт гарм ёфт, фармуд: "Онро раҳо кунед, то сард шавад, зеро баракаташ афзунтар аст ва Худованд таоми гарм рӯзии мо нафармудаанд, балки гарм кардани он ба даст худи мост».

 

Барчасп