Хосиятҳои лаблабӯ аз нигоҳи Имом Ризо (а)
(last modified Sat, 27 Oct 2018 05:32:53 GMT )
Октябр 27, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Хосиятҳои лаблабӯ аз нигоҳи Имом Ризо (а)

Бо поён ёфтани фасли сармо рафта-рафта баргҳои лаблабӯ ҷойи исфаноҷро дар сабади ғизои хонаводаҳо ба худ ихтисос медиҳад.

Баргҳое, ки дар тибби исломӣ барои он фавоиди бисёре зикр шудааст.

Дар тибби исломӣ барги лаблабӯ барои дармони илтиҳоби роҳи пешоб ва шарбати лаблабӯ беҳтарин нӯшоба ва тақвияткунандаи бадан ва дафъкунандаи заҳролудии бадан дониста шудааст.

Имом Ризо (а) мефармоянд: "Ба маризҳо барги лаблабӯро бихуронед, зеро ки дар он шифост ва дарде дар он нест ва беморро ба хоби роҳат андозад ва судоро ба ҳаракат дар оварад ва хураро қатъ кунад ва барои синаи паҳлӯ муносиб аст".

Лаблабӯ гиёҳе аст бо фавоиди бисёр, ки пухтаи онро лабӯ мегӯянд. Бахшҳои хӯрокии ин гиёҳ ҳам барги он аст ва ҳам решаи он.

Дар баргҳои ин гиёҳ дар тӯли рӯз қанд тавлид мешавад ва ҳангоми аср агар барги онро хом бихуред, комилан ширин аст.

Имом Ризо алайҳиссалом фармуданд: "Ба беморонатон барги лаблабӯ бидиҳед. Зеро дар он дармон аст ва ҳеч бемориеро ба ҳамроҳ надорад ва ҳеч оризае дар он нест ва хоби беморро ором месозад. Аммо аз худи он бипарҳезед, чаро ки судоро таҳрик мекунад".

Ҳамон тавр, ки дар ривоят гуфта шудааст, истифода аз барги лаблабӯ ҳеч гуна аворизи ҷонибӣ надорад ва ба таври хос барои беморон метавон аз он истифода намуд, чун ҳам дар раванди беҳбудӣ тасреъ эҷод хоҳад кард ва ҳам ин ки бо тавваҷуҳ ба хосияти хобовар будани он, таҳаммули бемориро саҳл хоҳад намуд ва дар натиҷа мизони масрафи масканро коҳиш хоҳад дод ва аз тарафи дигар судоро ки аз бадан таҷаммуъ пайдо карда, ба ҳаракат дароварда ва омодаи дафъ шудан аз бадан менамояд ва як судозудои хуб аст ва яке дигар аз хавоси он истифода барои сармохурдагӣ ва синаи паҳлӯ аст.

Дар ривояте Имоми Ризо (а) барои беҳбуди вазъияти устухонҳо истифода аз барги лаблабӯро тавсия кардаанд. Аҳмад бин Муҳаммад бин Абунаср мегӯяд, ки Имом Ризо (а) ба ман фармуд: "Эй Аҳмад, майли ту ба сабзӣ чӣ гуна аст? Гуфтам: ҳамаро дӯст дорам. Фармуд: Агар чунин аст, бар ту бод лаблабӯ. Зеро бар соҳили Фирдавс мерӯяд ва дар он шифои ҳар дарде аст".

Имом Ризо (а) ҳамчунин дар супорише дигар барои тақвияти буняи устухонӣ мефармоянд: "Ҳеч чиз монанди барги лаблабӯ барои шахси мубтало ба дарди сина муфид нест. Лаблабӯ, манзур барги он аст, ҷизом (махав) -ро решакан мекунад, муҷиби сахт шудани устухонҳо мегардад ва гӯштро мерӯёнад".

Баррасиҳо комилан нишон дода, ки як соат баъд аз масрафи оби лаблабӯ коҳиши таъсиргузорӣ дар фишори хун дида мешавад ва баъд аз се то чаҳор соат ба мизони ҳадди аксар расида ва ҳатто осори шигифтангези он баъд аз 24 соат низ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ Имом Ризо (а) лаблабӯро низ тасфиякунандаи хун баршумурда ва дар бораи фавоиди он фармудаанд: "Ақлро истеҳком мебахшад ва хунро тасфия мекунад".

Ҳазрати Ризо (а) мефармоянд: "Sodab ақлро зиёд мекунад, ҷуз он ки оби камарро хушк мекунад ва ҳар кас пас аз хурдани он бихобад, аз тоун ва дарди синаи паҳлӯ дар амон хоҳад буд".

 Садоб гиёҳе аст алафӣ, ки беш аз 80 бемориро рафъ мекунад.